ҲНИТ аз САҲА даъват мекунад

Хабари хуб 08.10.2009 19:10

Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, аз кишварҳои узви ин созмон дархост кардааст, аз муборизаи гурӯҳӣ зери шиори "мубориза бо терроризм" даст бардоранд.

Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини раиси ин ҳизб бархе аз мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ин шиорро дар мубориза алайҳи фаъолони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои динӣ истифода мекунанд.

Ҷаласаи машваратии "Абъоди инсони"-и ин созмон , ки аз 28-уми сентябр дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон оғоз ба кор кардааст то 9-уми октябр идома хоҳад дошт ва масъалаи аслии матраҳ мешуда, дар он масоили ҳуқуқи башар ва иҷрои қонунҳои марбут ба он дар кишварҳои узви САҲА будааст.

Бар асосии хабари намояндаи дафтари ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки низ дар ин нишаст ширкат дорад, Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ин ҳизб дар ҷаласаи машваратии "Абъоди инсонӣ" гуфтааст, ворид кардани бархе аз маҳдудиятҳо аз ҷумла манъи пӯшиши ҳиҷоби исломӣ дар муассисоти давлатӣ ва омӯзишӣ, манъи рафтани бонувон ва навҷавонон барои намозгузорӣ ба масоҷид, ба оташ кашидани наворҳои савтӣ ва тасвирӣ бо суханрониҳо ва вазъгӯйиҳои чеҳраҳои саршиноси динӣ дар кишвар нақзи ҳуқуқи мусалмонони кишвар будааст.

Ӯ гуфтааст, ки дар Тоҷикистон бо баҳонаи мавҷудияти “душманони эҳтимолӣ” ниҳодҳои зиёди интизомӣ фаъолият доранд, ва бим аз онҳо боис ба рушди кунди раванди демократия дар кишвар шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97