"Вавилон" моро аз марг наҷот дод!

Хабари хуб 08.10.2009 19:09

Дар ағбаи Анзоб автомашинаи мусофиркаш чаппа шуд. Ба чунин хабар тамоми мардуми Тоҷикистон одат кардаанд. Аммо муҳавои баъдии хабар ҷолиб аст. Бори аввал аст, ки заррардидагон дар садамаи нақлиётӣ ба ширкати мухобиротӣ арзи сипос мекунанд.

Барои ин зуд ба шифохонаи вилоятӣ шитофтем. Шаҳрванд Абдуҷабор Шарифов бо дӯстонаш ба таксии самти Хуҷанд - Душанбе нишаст. Соати дуи шаб ба ағба расиданд. Ногаҳон автомашина ба ҷарӣ афтод, чор нафар аз мусофирон аз ҳуш рафтанд. Ман ба телефон, ки симкорташ мутаалиқ ба ширкати "Индиго" буд, занг задам. Аммо шабака дар ин баландӣ дастнорас буд. Ронанда ба зӯр даҳон кушода гуфт, ки дар инҷо танҳо симкорти "Вавилион" кор мекунаду халос. Мо бо телефони симкорти марбути "Вавилион" занг зада, дар муддати кутоҳ аввалин ёрии тиббӣ гирифтем. Ширкат се нафарро аз марг наҷот дод.

- Муштариёни азиз, Худо накунаду бало ба саратон ояд аз шабакаи "Вавилион" истифода баред - гуфт Абдуҷаббор.

Навбатдори "Миллат" дар Хуҷанд

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97