Генерал-полковники ҷосус дар Суғд дастгир шуд

Хабари хуб 01.10.2009 17:54

Дар вилояти Суғд фарде, ки худро "генерал-полковник" ва намояндаи Интерпол дар Осиёи Миёна муаррифӣ мекардааст боздошт шуд. Гузоришҳо ҳокист, ки маъмурони амниятӣ ин фардро ҳамчунин дар амали ҷосусӣ ба суди Узбакистон гумонбар донистаанд.

Сухангӯйи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, Фирӯз Боқиев ин хабарро таъид карда ва гуфтааст, ки ахиран ниҳодҳои амниятӣ Қурбоналӣ Табаров, сокини шаҳри Чкаловскро боздошт кардаанд.

Фирӯз Боқиев бо такя ба иттилои манобеи амниятӣ гуфтааст, ки зимни боздошт аз манзили Қурбоналӣ Табаров либоси низомӣ бо рутбаи "генерал-полковник" ва як шаҳодатномаи тақаллубӣ кашф ва мусодира шудааст.

Ин манобаъ ҳамчунин хабар додаанд, ки аз манзили Қурбоналӣ Табаров ҳамчунин шаҳодатномае бо исми ӯ кашф шуда, ки нишон медод вай гӯё "Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ" аст ва ҳамчунин намояндаи вижаи Интерпол ё пулиси байналмилалӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Авруосиё мебошад.

Гуфта мешавад бо истифода аз ин ҳуҷҷатҳо Қурбоналӣ Табаров бо мақомоти маҳаллӣ ошноӣ пайдо карда ва аз ин асноди тақаллубӣ барои манфиатҷӯйӣ истифода мекардааст. Ҳамчунин, бо истифода аз ин ҳуҷҷатҳо ва либоси низомӣ "ба боварии мардум даромада, ба қаллобӣ машғул" будааст.

Ин дар ҳолест ки иддаъо мешавад, ки Қурбоналӣ Табаров ҳамчунин бо истифода аз равобити худ бо мақомоти маҳаллӣ, иттилоъ ҷамъоварӣ мекард ва ба ниҳодҳои зирабти кишвари ҳамсоя интиқол медодааст.

Манобеи амниятӣ мегӯянд онҳо собит кардаанд, ки Қурбоналӣ Табаров чанд маротиба бо истифода аз ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ аз марзи Тоҷикистону Узбакистон убур кардааст.

Феълан додгоҳе дар вилояти Суғд муҳокимаи масъулони корхонаи "Востокредмет", ки дар гузашта ба коркарди маъдани уран машғул буд, идома дорад. Ин афрод ба "ҷосусӣ" ба суди кишвари дигар муттаҳам шудаанд.

Дар гузашта низ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Узбакистон аз чанд мавриди муҷозоти табааи тоҷику узбак ба иттиҳоми ҷосусӣ гузориш шуда буд.

Вале барои бори нахуст аст, ки иддао мешавад "ҷосусон" барои анҷоми фаолиятҳои худ аз ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ ва либоси низомӣ бо рутбаи "генерал" ва ё масъули Интерпол истифода мекунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97