Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Фарогирии сил дар рустоҳои дурдаст

Хабари муҳим 18.07.2008 22:48

Бино ба иттилои хабаргузории «Хатлон-ПРЕСС», як рустои хурде бо номи Қарағоч дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ки бештар аз 500-нафар аҳолӣ дорад, дар асорати бемории сил қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҳамин русто бо оби нӯшокӣ таъмин нест ва одамон мунтазам оби гандидаву лойолуди ҷӯйборро истеъмол мекунанд. Азҳамин сабаб, қисмати зиёди сокинони он гирифтори бемории сил гаштаанд. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 21, ки дар ҳамин русто фаолият мекунад, 111-нафар аз кӯдакони деҳа таҳсил мекунанд. Мутобиқи иттилоъ, 57-нафар аз хонандагон гирифтори бемории сил будаанд. Ду моҳ пештар, ҳангоме ки хабарнигори "Хатлон-ПРЕСС" аз ҳамин мактаб дидан кардааст, дар синфи 9-и «А» аз 7-нафар талаба, 3-нафарашон Раҷабгул Аралова, Шӯҳрат Олимов ва Саодат Астанақулова дар бемористони ноҳияи Ҳамадонй бистарӣ будаанд. Сокинони русто мегӯянд, тақрибан 70 фисади аҳолӣ ин ҷо гирифтори силанд. Ҳатто, ду тан аз устодони мактаб, Садаф Рафиева ва боз як муаллими дигар низ гирифтори силанд ва дар бемористони зидди касалиҳои сил бистарӣ будаанд. Аммо, бинобар камбуди муаллимон, иҷборан ин устодон ба кор бозгаштаанд. Гуфта мешавад, мактаб ҳанӯз соли 1953-юми асри гузашта бунёд гаштаву ба талаботи ҳозира тамоман ҷавобгӯ нест. Ин ҷо 13-нафар муаллимон ба хонандагони синфхои 1 то 9-ум дарс меомӯзонанд, аммо тақрибан нисфи зиёди онҳо муаллимони касбӣ нестанд.
Ба гуфтаи як муаллими дигар бо исми Қувваталӣ Зумратов, ки ба иқрори худаш дар оилаашон се нафар гирифтори сил мебошанд, аз шароити зист ва саломатии сокинони ин русто касе пурсон нест. Мардум аз одитарин шароит махрум мебошанд.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97