Иқтисод панҷ дар сад рушд мекунад

Хабари хуб 01.10.2009 17:53

Дар лоиҳаи буҷети соли 2010 рушди панҷ дарсадии иқтисоди Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки як моҳе қабл ҳукумат аз рушди 14 дарсадӣ дар соли оянда изҳори назар мекард. Вале ахиран созмонҳои молии байналмиллалӣ аз коҳиши рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дода, гуфтаанд, ки дар осли ҷорӣ ин рақам муодили 0,5 дарсад хоҳад буд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи 29 сентябр лойиҳаи буҷетро барои соли 2010 таъйид кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли оянда мизони тавлидоти нохолиси миллӣ ҳудуди 24,5 млрд. сомонӣ ё 5,5 млрд. доллар хоҳад буд.

Маболағи умумии буҷет 6 миллиарду 537 миллион сомонӣ ё ҳудуди 1,5 млрд. доллар муқаррар шудааст.

Президент Раҳмон дар ин ҷаласа таъкид кардааст, ки рушди тавлидоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон бояд на камтар аз панҷ дарсад ва мизони таварруми пули миллӣ бояд на бештар аз 7 дарсад бошад.

Вай ҳамчунин изҳор доштааст, ки алорағми пайёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ сармоягузории бахши иҷтимоӣ дар соли оянда 27 дарсад афзоиш меёбад. Ҳамчунин идомаи сармоягузории бахши энержӣ ва роҳсозӣ дар Тоҷикистон аз авлавиятҳои буҷети соли оянда маҳсуб мешудааст.

Вале ба эътиқоди Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, иҷрои лойиҳаи буҷети соли 2010 душвор ба назар мерасад. Вай афзудааст, ки дар Русия интизори мавҷи дуввуми бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ҳастанд ва дар сурати рух додани он, таъсири ин бӯҳрон ба Тоҷикистон низ сангин хоҳад буд.

Гузашта аз ин, ба эътиқоди ин иқтисоддони тоҷик, бо эҳтимоли зиёд қимати алюминий ва пахта дар соли оянда боз пойинтар хоҳад рафт, ки ин амр низ ба иҷрои буҷети соли 2010 мусоидат нахоҳад кард.

Ба ин далел, Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки танҳо дар осли 2011 рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон имконпазир хоҳад шуд. Вай афзудааст, ки ҳукумат ночор шуда буд, дар соли ҷорӣ буҷети кишварро чаҳор маротиба таҷдиди назар кунад ва он дар маҷмӯъ аз лойиҳаи авалии худ то 20 дарсад коҳиш ёфт.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки агар "мавҷи дуввуми бӯҳрон" дар Русия воқеъан рух диҳад, пас Тоҷикистон водор мешавад, буҷети худ барои соли ояндаро боз ҳам таҷдиди назар кунад.

Аз сӯйи дигар, ахиран ҳам Сандуқи байналмиллаии пул ва ҳам Бонки Осиёии Тавсеъа аз коҳиши рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додаанд. Аз ҷумла, Бонки Осиёии Тавсеъа дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ рушди тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 0,5 дарсад хоҳад буд.

Коршиносони ин бонк далели пойин рафтани дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистонро ба коҳиши беш аз 25 дарсадии мизони интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик аз хориҷи кишвар марбут медонанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумат дар соли ҷорӣ рушди шаш дарсадии иқтисоди худро дар назар гирфита буд. Ҳарчанд, тибқи омори расмӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон рушди 3,2 дарсадӣ доштааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97