ВКД қотилро муаян кардааст

Хабари хуб 01.10.2009 17:52

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст ҳуввияти фардеро, ки дар қатли як фурӯшандаи асъор муттаҳам аст, муайян карда ва амалиёти вижаи кормандони ин ниҳод барои боздошти ӯ идома дорад.

Масъулони ин вазорат гуфтаанд, ки дар ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳодисаи дигари ҳамла ба дӯкони табодули арз сабт шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати дохилии Тоҷикистон гуфтааст, дар ин ҳодиса фурӯшандаи дӯкон шадидан захмӣ шуда ва дар ҳоли ҳозир таҳти муолиҷаи табибон қарор дорад.

Инчунин афзудааст: "Дар ҳоли ҳозир бо сабаби бад будани вазъи саломатии ин фурӯшанда кормандони мо имкони суҳбат бо вайро надоштаанд, аммо гуфта мешавад, ки аз ин дӯкони табодули арз миқдори зиёде сармоя ба ғорат рафтааст".

Сухангӯи ин вазорат барои халалдор насохтани ҷараёни таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ аз ном бурдани ин фард худдорӣ кардааст, аммо вай мегӯяд, ки фаъолияти кормандони ниҳодҳои интизомӣ барои боздошт кардани ин фард идома дорад.

Кормандони ниҳодҳои интизомӣ аз афзоиши ҳамла ба дӯконҳои табодули асъор дар як моҳи ахир нигаронанд.

Ба гуфтаи масъулон дар авохири соли 2008 ва аввали соли ҷорӣ низ мавориди зиёди ҳамла ва ғорати дӯконҳои табодули арз ва захмӣ ё кушта шудани фурӯшандагони онҳо сабт шуда буд.

Аммо ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, кормандони онҳо бо боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷинояткор дар аввали соли ҷорӣ аз мавориди ҳамла ба нуқтаҳои табодули арз поён дода буданд.

Ин масъули вазорат мегӯяд, таҳқиқоти парванда мушаххас кард, ки гурӯҳи боздоштшуда, беш аз як млн. сомониро, ки муодили ҳудуди 300 ҳазор доллар аст, ба ғорат бурдааст.

Масъулони ниҳодҳои интизомӣ даст доштани гурӯҳи дигареро дар ҳамла ва ғорати ду дӯкони табодули арз дар ҳафтаи гузашта аз эҳтимол дур намедонанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97