Ҷашни 50-солагии ИЖТ мавқуф гузошта шуд

Хабари хуб 01.10.2009 17:52

Дар ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки рӯзи 24 сентябр баргузор гардид, таҷлили ҷашни 50-солагии таъсисёбии Иттифоқ ба семоҳаи авали соли 2010 мавқуф гузошта шуд.

Қарори мазкур, бино бар гуфтаи раиси ИЖТ А.Сатторов, бо тақозои нокифоятии мӯҳлат барои дар сатҳи шоиста гузаронидани ин чорабинии муҳим қабул гардид. Тантанаҳои ҷашнӣ ба муносибати зодрӯзи таърихии Иттифоқ, бо тасмими пешакӣ, бояд дар нимаи аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ доир мегардиданд. Вале рафти омодагӣ ба онҳо нишон дод, ки мӯҳлати боқимонда барои мукаммал амалӣ сохтани барномаи ҷашнӣ, ки баргузории чорабиниҳои зиёдеро дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ дар назар дорад, басандагӣ намекунад. Ҷашни 50-солагии ИЖТ чорабинии қаторӣ нест, афзуд А.Сатторов. Он як марҳилаи таърихии рушду камолоти рӯзноманигории миллиро ҷамъбаст менамояд. Бинобар ин маъракаи мазкур бояд дар сатҳи олӣ ва барои ҷомеаи журналистӣ хотирмон баргузор гардад. Чунин амал омодагии ҷиддӣ ва маблағи зиёдро талаб мекунад. Мутаассифона, мушкилоти молию иқтисодии имрӯза дар ин ҷода як зумра монеаҳои ғайриинтизорӣ эҷод намуданд.

Дар ин иртибот Раёсати Иттифоқи журналистон аз роҳбарони сохторҳои маҳаллии Иттифоқ, созмонҳои ибтидоӣ, рӯзноманигорони собиқадори узви ИЖТ, муҳаққиқони соҳаи журналистикаи миллӣ дархост менамояд, ки ҷиҳати тарҳрезӣ намудани барномаи конференсияи ҷумҳуриявӣ, сарҷамъ овардани матолибу асноди зарурӣ барои китоби "Таърихи ташаккул ва таҳаввулоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон" ҳамаҷониба мусоидат кунанд.

Котиботи ИЖТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97