Дастури баррасии таркиши Душанбе

Хабари хуб 25.09.2009 18:25

Дар робита ба ҳодисаи таркиши гази табии шоми 24 сентябри соли 2009 дар бинои истиқомати кӯчаи С.Шерозӣ 37/1 квартираи 42 рухдода бо дастури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати баррасӣ ва таҳқиқи ҳодиса прокуратураи шаҳр ва дигар мақомоти дахлдор фавран дар ҷои ҳодиса ба фаъолият шурӯъ намуд.

Баррасии масъала зери назорати шахсии Раиси шаҳр қарор дошта, бо дарёфти хулосаи комиссияи мазкур ҷиҳати рафъи оқибатҳои садама ва аз ҳисоби шахс ё ташкилоти гунаҳгори ҳодиса дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин барқрорсозии квартираи осебдида тадбирҳои пешбининамудаи қонугузорӣ амалӣ карда мешаванд.

Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97