Кӯмаки давлат ба бонкҳои кишвар

Хабари хуб 24.09.2009 14:36

Давлати Тоҷикистон барои ҳимоят аз фаъолияти муассири бонкҳои кишвар 180 милюн сомонӣ ихтисос додааст.

Гуфта мешавад ин амр дар чорчӯби барномаи зиддибӯҳронии давлати Тоҷикистон ва ба манзури ҷилавгирӣ аз муфлисшавии бонкҳои кишвар иттихоз шудааст.

Тибқи иттилоъи Вазорати молия ё дороии Тоҷикистон, давлат тасмим гирифтааст аз ҳисоби буҷет ба бонкҳои тиҷоратӣ 180 милюн сомонӣ ё беш аз чиҳил милюн дулор кумак кунад.

Ин маблағ бояд умдатан барои сармоягузорӣ дар арсаи кишоварзӣ ва саноеъи коркарди тавлидоти кишоварзӣ истифода хоҳад шуд. Ба эътиқоди масъулони ин вазоратхона, истифода аз ин маблағ ҳамчунин ба устувории низомии бонкии Тоҷикистон мусоъидат хоҳад кард.

Тибқи иттилоъи ин манобеъ, то ҳол ба ҳисоби бонкҳои мухталифи кишвар 158 милюн сомонӣ интиқол дода шудааст ва интизор меравад маблағи боқимонда то авохири соли ҷорӣ дар ихтиёри бонкҳо қарор дода шавад.

Гузашта аз ин, давлати Тоҷикистон аз тариқи бонкҳо дар фаъолияти бархе аз корхонаҳои санъатӣ низ ба маблағи беш аз 17 милюн сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.

Зимнан, Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки дар шароити бӯҳронӣ ҳам ба бонкҳои хусусӣ ва ҳам давлатӣ кумаки молӣ мекунад. Дар як соли ахир бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ин шева кор гирифтаанд.

Фирӯз Саидов, коршиноси Маркази таҳқиқоти стротегии назди раёсати ҷумҳурӣ, зимни пуштибонӣ аз ин тасмими давлат гуфт, ки ин маблағ бояд қабл аз ҳама ба бонкҳое ихтисос дода шавад, ки дар шароити бадтари молӣ қарор доранд. Ӯ муътақид аст, ки низоми бонкии Тоҷикистон дар қиболи паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳо устувортар аст.Далели ин амрро Фирӯз Саидов ба вобастагии андаки низоми бонкии Тоҷикистон ба системи байналмилалии молӣ марбут медонад. Ба эътиқоди вай, барои устувории бонкҳои Тоҷикистон маболиғе, ки муҳоҷирони тоҷик аз хориҷи кишвар барои хонаводаҳои худ мефиристанд, низ кумак кардааст.

Аз сӯйи дигар, вай мегӯяд, ки бонкҳои Тоҷикистон ба гунаи бонкҳои бисёре аз кишварҳои дорои иқтисоди бозорӣ ба фурӯши саҳмияҳои худ машғул набуданд ва аз сармоягузорӣ дар тарҳҳои ғайри қобили эътимод худдорӣ мекарданд.

Ба ин далел, Ф. Саидов мегӯяд, ки бонкҳои Тоҷикистон тавонистаанд, ҳатто дар шароити бӯҳронӣ бисёре аз вомҳои худро бозпас бигиранд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз бонкҳои Тоҷикистон соле қабл дар арсаи пахтакорӣ сармоягузорӣ карда ва натавонистаанд бахши аслии ин эътиборотро бозпас бигиранд. Давлати Тоҷикистон низ бо судури як мусавваба замони пардохти ин эътиборотро то охири соли ҷорӣ тамдид карда буд.

Ба эътиқоди коршиносон, ҳосили андаки пахта дар соли ҷорӣ боиси он шуда, ки имсол низ бозпардохти қарзҳо аз сӯйи бахшҳои кишоварзӣ душвор хоҳад буд.

Вале Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони варзида баръакс муътақид аст, ки паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба коҳиши мизони бозпас додани вомҳои бонкҳо дар Тоҷикистон боис шудааст. Ҳарчанд мавсуф аз тасмими давлат ба кумаки молӣ ба бонкҳо пуштибонӣ мекунад, вале мутмаин аст, ки ин амр танҳо барои то 5-6 моҳ муассир хоҳад буд. Сипас, ба гуфтаи ӯ: "Раванди муфлисшавии бархе аз бонкҳо дар Тоҷикистон ногузир аст. Аслан, низоми бонкии кишвар ҳоло низ дар шароити бӯҳронӣ қарор дорад ва тақвияти он дар оғози соли ҷадид баъид нест."

Ӯ афзуд, ки ҳоло вазъи молии бархе аз бонкҳои Тоҷикистон "хеле бад аст" ва давлат бояд роҳҳои дигари ҳимоят аз онҳоро пайдо кунад. Вале ҳамзамон ин иқтисоддон мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон набояд аз бонкҳое, ки дар ҳоли муфлисшавӣ қарор доранд, пуштибонӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ: "Мусаллам аст, ки ҳатто бо дарёфти ин кумакҳо чунин бонкҳо дар ниҳоят муфлис хоҳанд шуд. Ба ин далел, кумаки молии давлат бояд ба бонкҳои устувор ихтисос дода шавад."

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97