Сафари Доналд Туск ба Тоҷикистон сафо овард

Хабари хуб 30.05.2019 04:34

Доналд Туск, Президенти Шӯрои Аврупо, шоми 29-уми май вориди Душанбе шуд.

Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Доналд Туск сафари худро ба чанд кишвари Осиёи Марказӣ аз кишвари мо оғоз кардааст

Қарор аст, имрӯз 30 май Доналд Туск, Президенти Шӯрои Аврупо бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон дидор ва аз чанд мавзеи кишвар дидан кунад. Ҳамчунин ошноӣ бо вазъи пиряхҳои Помир, боздид аз марз бо Афғонистон, баррасии мавзуъоте ҳамчун, мубориза бо таҳдидҳои терроризм ва ифротгароӣ, таъмини амният, таҳкими ҳамкориҳо ҷузъи муҳимми ин сафар гуфта мешавад.

Доналд Туск нахустин дипломати баландпояи аврупоӣ аст, ки аз Тоҷикистон дидан мекунад.

Дар барномаи сафари ин мақоми олирутбаи Аврупо мулоқот бо  ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар назар нест. Аммо боз шудани сафҳаҳои дарбастаи Интернет дар ҳошияи сафари ин меҳмон ҷомеаи мадании тоҷикро хушҳол кардааст.

Доналд Туск пас аз анҷоми сафари хеш ба Тоҷикистон ба Қазоқистон ва Узбакистон сафар хоҳад кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97