Милисаро дар Исфара кӣ кушт?!

Хабари хуб 24.09.2009 14:35

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин вазорат дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд хабар додааст. Ин ҳодиса 18-уми сентябр, соати 14. 45 дақиқа рух додааст.

Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат Саидумар Саидов, сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохила дар ноҳияи Исфара дар назди хонааш аз сӯйи афроди номаълум ва тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ бо истифода аз таппончаи Макаров кушта шудааст. Дар робита бо ин қазия як гурӯҳи вижаи муташаккил аз кормандони ин вазорат таъсис ёфта ва таҳқиқоти ин парванда оғоз шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати корҳои дохила, ҷараёни ин таҳқиқотро Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилӣ таҳти назорати худ гирифтааст.

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтаанд, ки ангезаи ин қатл ба фаъолияти касбии Саидумар Саидов вобастагӣ дорад.

Ҳарчанд масъулон дар мавриди ҷараёни таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ дар робита бо қатли Саидумар Саидов иттилои бештаре надодаанд, аммо ҳадс зада мешавад, ки эҳтимол дар қатли ин афсари корҳои дохила дар ноҳияи Исфара афроди вобаста ба Ҷунбиши исломии Узбакистон даст доранд.

Зимнан, дар моҳи майи соли ҷорӣ як корманди ин вазорат дар шаҳри Хуҷанд ҳам, ба таври фаҷиавӣ ба қатл расида буд. Ҳамчунин, дар соли 2008 дар ноҳияи Исфара аз ду мавриди ҳамла ба кормандони корҳои дохила гузориш шуда буд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ он замон дар ин ҳодиса аъзои Ҷунбиши исломии Узбакистонро, ки гӯё ба таври махфӣ дар ин ноҳия фаъолият мекарданд, гумонбар дониста буданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97