Садамаи пурқурбонии ҳавопаймо дар Русия, тоҷикон дар ин миён ҳастанд ё на?

Хабари хуб 06.05.2019 12:25

Дар пайи фуруди изтирории ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметова 41 нафар кушта шуданд.

Мақомоти тафтишотии Русия кушта шудани 41 нафарро дар пайи фуруди изтирории “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметево тасдиқ карданд.

Бино ба иттилои хабаргузории "РИА Новости" аз 78 нафар мусофир, хадама ва сарнишинони ҳавопаймо, 37 нафар, аз ҷумла 33 мусофир ва 4 узви ҳайати сарнишинони ҳавопаймо наҷот ёфтаанд.

Дар феҳрасти қурбониёни ин ҳодиса, ки расонаҳои Русия нашр намудаанд, номҳои хоси тоҷикон, аз ҷумла Қурбонбекзода Фатҳуддини Мирзобек ва Наврӯз Искандаров ҷой доранд, аммо расман дар бораи он ки ин ду зода ва ё шаҳрвандони Тоҷикистонанд ё на, иттилоъ дода нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар пайи ин фоҷиа номаи таслият фиристодааст, аммо дар ин нома низ аз мавҷудияти шаҳрвандони кишвар дар ин садама ҳарфе гуфта нашудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома аз ҳалокати даҳҳо нафар дар фурудгоҳи Шереметова изҳори ҳамдардӣ баён кардааст. Аз ҷумла дар нома оварда шудааст:

“Аз ҳодисаи нохуш зимни фуруди ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Шереметова, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд, амиқан андуҳгинам.” Эмомалӣ Раҳмон бо хитоб ба Владимир Путин афзудааст, ки “ба шумо ва халқи Русия дар робита ба ин фоҷиа изҳори тасаллият мекунам”. Ӯ аз ҳамтои русаш хостааст, то ҳамдардии вайро ба наздикони ҳалокшудагон бирасонад.

Зимнан, ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” шоми 5 май аз Маскав ба қасди Мурманск баланд шуд, аммо баъди 28 дақиқаи парвоз ба Шереметево баргашт. Ҳайати халабонҳо изҳор доштаанд, ки дар асари раъду барқ дастгоҳҳои электронии ҳавопаймо корношоям шуда, онҳо водор ба бозгашти изтирорӣ ба Маскав шудаанд. Зимни нишасти изтирорӣ ва бархӯрд ба замин дастгоҳи чархаи ҳавопаймо шикаста, қисмати қафои ҳавопаймо оташ гирифтаст. 

Дар пайи ин фоҷиа дар вилояти Мурманск се рӯз мотам эълон шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97