Бозсозии хонақоҳи падари Мавлоно дубора оғоз мешавад

Хабари хуб 22.04.2019 17:32

Кумитаи иҷроияи фарҳанг ва ҳунар қасд дорад, кори бозсозии хонақоҳи Хоҷа Баҳовуддин Валад, падари Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад Балхии Румӣ аз шоирони пуровозаи забони порсӣ, дубора оғоз шавад.

“8 -субҳ” - и  Кобул дар ин бора хабар додааст. Бино ба навиштаи ин рӯзнома:

Дар як хабарномаи Қасри сапедор омадааст, ки нишасти Кумитаи иҷроияи фарҳанг ва ҳунар ба раёсати Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллӣ баргузор шуда ва дар он рӯйи оғози дубораи кори бозсозии мадрасаи Баҳовуддин Валад ва ҳифзи ободоти таърихии кишвар баҳс ва тасмим гирифта шудааст.

 Хонақоҳи Баҳовуддин Валад, падариМавлоно дар 20 километрии шаҳриМазори шариф, маркази вилояти Балх ҷойгир аст. Ин хонақоҳ бо хишти хом сохта шуда ва акнун дар ҳолати нобудӣ қарор дорад.

Балх зодгоҳи Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ аст. Бинобар ривоятҳои таърихӣ Мавлоно дар соли 604 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Балхи он рӯзгор зода шуд ва замоне ки ҳанӯз 12 сол дошт, зодгоҳашро тарк кард.

Кори бозсозӣ ва тармими хонақоҳи падариМавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад Балхӣ якбор дар соли 2010 ба кумаки Туркия оғоз шуда буд ва дубора мутаваққиф шуд. Ҳарчанд пас аз он масъулон борҳо эълом карданд, ки кори ин хонақоҳ дубора оғоз мешавад, аммо ба далоиле, ки токунун равшан нест, хонақоҳиХоҷа Баҳовуддин Валад бозсозӣ нашудааст.

Дар хабарномаиРаёсати иҷроия омадааст, ки раёсати умури фарҳанги Вазорати хориҷа аз омодагии Туркия барои оғози дубораи кори бозсозии хонақоҳиХоҷа Баҳовуддин Валад дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Афғонистон хабар додааст.

Ба нақл аз хабарнома, раиси иҷроия гуфтааст, ки ҳукумати Ваҳдати миллӣ барои оғози ин пружа ҳар навъ ҳамкории лозимро бо Туркия анҷом хоҳад дод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97