Дар Хуҷанд "Имрӯз" фаро расид

Хабари хуб 22.09.2009 20:44

(Наҷмиддини Шоҳинбод. Хуҷанд. «Миллат».) Радиёи мустақили "Имрӯз" дар шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз кард.

То ҳоли ҳозир радиои "Тироз"ва "Тироз плюс" дар бозори берақобати Хуҷанд танҳо ба шунавонидани ахбор, мусиқӣ ва реклама шунавандагони зиёд пайдо кардаанд. Дар остонаи интихоботи вакилони порлумон ва сари яксолагии бӯҳрони молиявӣ иттилоот ва ақоиди гуногун барои маркази шимолӣ хеле зарур аст.

Коршиносони маҳаллӣ ба осонӣ пахш кардани мавҷи радиои "Имрӯз"-ро ҷасорати сиёсии ҳукуматдорон арзёбӣ мекунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97