Фестивали театрии "Парасту" дар Душанбе ба парвоз омад

Хабари хуб 15.04.2019 17:59

           Имрӯз, 15-уми апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон мавсими театрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2019" оғоз ёфт.

 

        Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин бора хабар дода, афзудааст, дар ин ҳамоиши фарҳангӣ 18 театри кишвар намоишномаҳоеро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна овардаанд, ба маърази тамошо мегузоранд.

            Ин чорабинӣ бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, дар доираи ҷашнвора баргузории ду мизи мудаввар: "Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик" ва "Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон" низ дар назар аст.

Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ин мавсими театрӣ намоиши ғайриозмунии "Шоҳ Эдип" (асари Софокл, коргардон Т. Розиқов)-ро пешниҳод менамоянд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97