Озори каломӣ: чолиши умда дар баробари хабарнигорони зан

Хабари хуб 12.04.2019 10:42

    Дар канори таҳдид, хушунат, адами дастрасӣ ба иттилоот ва имтиёзоти андак, азиятҳои хиёбонӣ ва бархурдҳои нописанди иҷтимоӣ арсаи фаъолиятҳои озоди расонаии занони хабарнигор дар кишварро маҳдуд кардааст.

      Ҳангоме, ки занони хабарнигор дар ҷодаҳо ва маконҳои умумӣ барои гирифтани назариёти шаҳрвандон ҷиҳати таҳияи гузоришот дар миёни мардум ҳузур меёбанд, бо бархурдҳои нописанди иҷтимоӣ, диди занситезона ва ҳарфҳои озордиҳанда мувоҷеҳ мешаванд.

     Наҷво Оламӣ; Як тан аз бонувони хабарнигор дар Кобул аст, ки бо азияти каломӣ ҳамроҳ бо истеҳзо ва бархурди нописанди иҷтимоӣ мувоҷеҳ гардидааст. Вай мегӯяд, ки вақте барои таҳияи гузориш ба шаҳр меравам, дилбеҳузурӣ дорам аз озору азияти шуморе аз мардум ва афроди озордиҳанда.

      Вақте аз касе назар мехоҳам, аввалан онҳо назарашонро иброз намекунанд ва ҳатто бо беадабии тамом маро масхара мекунанд. Баъзе авқот бо шона маро мезананд ва ба суръат убур мекунанд.

      Ин чолиш танҳо дар баробари занони хабарнигор дар Кобул вуҷуд надорад, балки занони хабарнигор дар вилоятҳои мухталифи кишвар аз ин бархурдҳо нигаронанд ва онро яке аз чолишҳои умда дар баробари фаъолияти озоди расонаии хеш унвон мекунанд.

    Дар ҳамин ҳол, Балх, ки яке аз вилоятҳои фарҳангӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, аммо бо вуҷуди он ҳам занони хабарнигор аз ноҳияи озори каломӣ, нигоҳҳои маънодор, махсусан ҳарфҳои кӯчагӣ дар амон нестанд ва осебпазиранд.

     Ҳумайро Муродӣ, як тан аз бонувони хабарнигор, ки дар шабакаи телевизиони Орзу фаъолият дорад, чунин мегӯяд: ”Муддати ду сол аст, ки дар шабакаи Орзу хабарнигор ҳастам, дар ин муддат дар ҷараёни таҳияи гузориш дар ҷодаҳо бо адабиёти хиёбонии бисёре рӯбарӯ шудаам, ки дар ин робита чанд ҷумлае ба хотир дорам, монанди: духтароро чӣ монда ба ин корҳо, ё инки ии духтарак бирав ҳар вақт калон шудӣ боз биё мусоҳиба ку, ё ҳам чанд медиҳӣ, ки ҳамроят мусоҳиба кунам ва ҳамчунон бо тамасхур мегӯянд, нафари ма намешавӣ? Ҳамин гуна даҳҳо ҷумлаи дигар аст, ки мо бонувон дар ҷараёни корӣ дар ҷодаҳо ба он мувоҷеҳ мешавем.”

    Ҳумайро дар идома меафзояд, ки муборизаи занони хабарнигор метавонад дар баробари ҳамчун чолишҳо, роҳро барои занони дигар ҳамвор созад. Алино Расо, як тани дигар аз занони хабарнигор дар вилояти Ҷузҷон аст, ки аз муддати чаҳор сол бад-ин су дар расонаҳои хусусӣ фаъолият доштааст. Ў мегӯяд, ки озори каломӣ ё ба истилоҳ адабиёти хиёбонӣ хеле тавониста рӯйи кори беҳтари занони хабарнигор дар вилоёт соя андозад.  Бону Расо, кори расонаӣ ва иттилорасониро барои занон дар ҷомеае чун Афғонистон сахт ва душвор унвон мекунад. Ҳамчунон вай меафзояд: ”Шуморе аз ашхосанд, ки мухолифати хешро дар қолаби гуфтани гапҳои пуч ва бемафҳум ба занони хабарнигор иброз мекунанд. Вале бо ин ҳам мо занони хабарнигори тавонотар аз қабл дар қисмати иттилорасонӣ гом бармедорем ва ҳеҷ чолиш ва маҳдудияте наметавонд ҷилави фаъолияти моро бигирад.”

    Вилоятҳои дурдасти кишвар низ гувоҳи инчунин чолишҳо дар баробари бонувони хабарнигор аст. Шугуфа Шинворӣ, ки муддати чаҳор сол аст дар радиои Бағлон масруфи кори хабарнигорӣ аст, адабиёти хиёбониро чолиши умда баён карда мегӯяд, ки дар баробари кори занон бештар аз ҷумалоти номусии номуносиб истифода мешавад, ҷомеаи Бағлон чунон баста аст, ки кори хабарнигории занонро як шуғли нек ва хуб намедонанд.

    Вазъияти номуносиби амниятӣ аз як тараф ва адабиёти хиёбонӣ ва озору азият аз сӯи дигар дар ин вилоят аз занони хабарнигор қурбонӣ мегирад.

    Аз сӯи дигар, раиси Маркази ҳамоҳангии занони хабарнигори кишвар; Макия Мунир мегӯяд:” озор ва азият хиёбонӣ ва истеъмол калимот номуносиб ва хашин дар баробар занон ба хусус бонувон хабарнигор яке аз чолишҳои умда дар баробар кор хабарнигорон зан дар паҳлавӣ чолишҳои амниятӣ аст, ки ба ҳади ниҳоӣ расидааст.”

    Ба гуфтаи вай; Мутаасифона занони хабарнигор наметавонанд ба хотири таҳияи гузориш ва мусоҳиба ба роҳатӣ дар маҳзари ом ва ҷодаҳо зоҳир шаванд. Зеро баъзан бо бархурдҳои хашин ва калимоти зишт ва номуносиб рӯбарӯ мешаванд.

    Ба назари вай омадани бештари рустонишинон ба шаҳрҳо ва надонистани фарҳанги шаҳрнишинӣ, сабаби афзоиши хиёбонозорӣ ва истеъмоли адабиёти хиёбонӣ дар баробари занон, ба хусус хабарнигорони зан шудааст.

    Хонум Мунир дар робита ба роҳ ҳалҳои ин муъзала мегӯяд, ки барномаҳои огоҳии омма дар мавриди кори занон дар иҷтимоъ аз тариқи расонаҳо, нашри аспотҳо, татбиқи қонуни манъи хушунат дар баробари занон ва боздошти афроде, ки боиси озору азияти занон, ба хусус хабарнигорони зан мешаванд ва муҷозоти онҳо дар чаҳорчуби қонун, метавонад сабаби коҳиши истеъмоли калимоти номуносиб ва коҳиши ин хушунат дар баробари занон шавад.

     Дар ҳамин ҳол, Мунир Обид, як тан аз равоншиносон дар мавриди адабиёти хиёбонӣ ва ҳарфҳои ракик дар баробари занони хабарнигор дар ҷомеа чунин мегӯяд: ”Аз нигоҳи равоншиносӣ, заъфи фарҳангӣ ва бесаводӣ боис мешавад то эҳтироми мутақобил нисбат ба афрод дар як ҷомеа заиф бошад ва дар канори он адами бовар доштан ба қудрати занон низ омили дигаре аст, ки вақте як зани хабарнигорро дар ҷомеа ва дар канори хеш мушоҳида мекунанд, ба шакле аз ашкол мехоҳанд вайро озор ва азият кунанд ё ҳадди ақал бо як ҳарфи хароб ба вай осеби рӯҳӣ бирасонанд, ки ин маврид, таъсири ногуворе рӯйи ангеза ва равони ин бонувон ба ҷо мегузорад.”

     Озори каломӣ чолише аст, ки фаро роҳи фаъолияти озоди занони хабарнигор дар ҷомеа вуҷуд дорад. Фақри фарҳангӣ дар иҷтимоъ низ боис шудааст то нигоҳҳои занситезона нисбат ба занон вуҷуд дошта бошад. Замоне, ки як хабарнигори зан барои таҳияи гузориш ба шаҳр ва бозор меравад, аз нигоҳҳои зананда гирифта то ҳарфҳои ракик ва зишт масун намемонад. Аммо бо он ҳам як зани хабарнигор ин мушкилотро мутаҳаммил гардида ва даст аз талош барои таҳияи барнома ва гузориш бар намедорад.

 

Холида Рашид,

хабарнигор

 Манбаъ: сомонаи “Маркази ҳимоят аз занони журналист дар Афғонистон”

Таҳияи Лола Раҳимзода, барои маҷалллаи онлайнии "Ҳавво"

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97