Намоишгоҳи омӯзишии Русия дар Душанбе боз шуд

Хабар 11.04.2019 12:22

8-умин Намоишгоҳи омӯзишии макотиби олии Русия дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

       Ин намоишгоҳ дар Донишгохи славянии Тоҷикистон-Русия оғоз ёфта, се рӯз идома меёбад. Дар намоишгоҳ намояндагиии 53 донишгоҳ ва донишкадаҳои Федератсияи Русия барои муаррифӣ ҳузур доранд.

      Довталабон метавонанд тайи се рӯз аз намоишгоҳ боздид кунанд ва риштаи дилхоҳи худро интихоб намоянд.

      Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ ошноии довталабони тоҷик ба шароит ва фазои таҳсил дар макотиби олии Русия гуфта мешавад. Ҳамчунин яке аз ҳадафҳои роҳандозии ин гуна намоишгоҳҳо муаррифии дастовардҳои омӯзишу парвариш ва ҷалби таваҷҷуҳи  ҷомеа ба барномаҳои таълимии русӣ, шаклгирии маркази ягонаи иттилооти омӯзишии кишварҳои ИДМ будааст.

       Намоишгоҳи омӯзишӣ дар ДСРТ (РТСУ,  воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 30) аз 11 апрел то 13 апрел идома меёбад. Ҳамчунин марказҳои иттилоотии макотиби олии Руссия дар шаҳри Хуҷанд (14 апрел), ш. Бохтар ва ш. Кӯлоб барои расонидани иттилоот ҳозир таъсис меёбад.  

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97