Нахустин намоиши тасвири як сиёҳчола

Хабари хуб 10.04.2019 19:09

Гурӯҳе аз донишмандон барои нахустин бор рӯзи 10 апрел тасвирҳои якпорча аз сиёҳчолаҳоро нашр мекунанд.

Ин дастоварди бесобиқа, ҳосили ҳамкории занҷираӣ аз телескопҳои ғулпайкар дар нуқоти гуногуни кураи замин бо номи “Телескоп уфуқи рӯйдод” будааст, ки ҳар кадом бахше аз амалиёти таҳияи ин тасвирро бар ӯҳда доштаанд.

Ин тасвирҳо ҳамзамон дар шаш нуқтаи ҷаҳон ва дар конфронсҳое бо ҳузури донишмандон ва кайҳоншиносони дастандаркори ин пружа дар ҳоли баргузорӣ аст.

Яке аз ҳозирон дар нишасти аврупоии ин пружа пеш аз ин ки нахустин тасвирҳои сиёҳчолаҳо ба намоиш гузошта шавад, ба телевизиони “Евронюс”  гуфтааст: «Имрӯз сиёсат бояд аз илм биёмӯзад. Барои ин пружа донишмандони зиёде дар саросари ҷаҳон бо ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ канори ҳам буданд то ин кори муҳим анҷом шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97