Додгоҳ як тароҷинсеро ҳақ бар ҷониб донист

Хабари хуб 10.04.2019 18:10

Додгоҳи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербург, қарори матбаъаеро, ки як зани тароҷинсеро (трансгендер), аз кор рондааст, ғайриқонунӣ донист.

Додгоҳи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербург, қарори матбаъаеро, ки як трансгендерро, аз кор рондааст, ғайриқонунӣ донист.

Ин додгоҳ гуфтааст, ки Григорева бояд дар шуғлаш  барқарор шавад. Ва ҳамчунин ҷуброни маънавӣ ба миқдори 10 ҳазор рубл ва 1,8 миллион рубл маоше, ки дар давоми ду сол аз даст додааст, бо қарори додгоҳ бояд ба ӯ пардохт шавад.

Тибқи иттилои расонаҳои Русия, Николай, дар муддати 10 сол дар як матбаъа кор мекард. Ва дар соли 2017 тасмим гирифт, ки ҷинсияташро дар мақомоти сабти аснод ҳамчун зан сабти кунад ва пас аз сабти номи ӯ ҳамчун Анна,  матбаъа ҳамкорӣ бо Аннаро қатъ кард.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси матбаъа, барканории ин корманд бар асоси қонунҳои Русия гирифта шудааст, зеро тибқи  ин қонунгузорӣ,  коре, ки ӯ анҷом медод, кори мардона маҳсуб меёфт ва ба саломатии занон зараровар аст.

Дар Русия тибқи қонуни меҳнат, занҳо наметавонанд  2 ҳазор навъи корҳои сангинро бар уҳда дошта бошанд, ва ин ихтисосҳо дар 35 соҳаи саноат мавҷуданд. 450 навъи кор барои занҳо “хатарнок” дониста мешавад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97