Эҳтиёт, ними ҳаёт!

Хабари хуб 10.04.2019 12:27

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хатарҳои эҳтимолии боришоти нимаи дуюми моҳи апрел ҳушдор додааст.

Сомонаи расмии ин Кумита дар ин бора менависад, тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон нимаи дуюми моҳи апрели соли равон дар қаламрави кишвар ҳавои номусоиду боронӣ дар назар дошта шудааст, дар минтақаҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои пуршиддат шояд боиси вазъи ногувор шавад.

Шиддати борон дар минтақаҳои кӯҳистонӣ боиси фарсоиши хок  ва ҳаракати он мешавад, сатҳи об дар рӯдхона, обанборҳоро боло меравад ва сабаби зарар дидани хати соҳили дарёҳо ва кӯлҳо мешавад. Бар асари боронҳои пуршиддат хавфи омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг меафзояд. Дар ин рӯзҳо рондани рамаҳо ба манотиқи кӯҳӣ ва ҷойҳо селгузар хатари бештар дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дар чунин рӯзҳо ба соҳили рӯдхонаҳо ва ё моҳидорӣ рафтанро тавсия намедиҳад.Ин Кумита аз шаҳрвандон  эҳтиромона хостааст, то бехатарии худро ҳифз кунанд ва дар ин рӯзҳо ба кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо барои сайругашт, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар рустаниҳои баҳорӣ нараванд. Бахусус, таъкид шудааст, то кӯдаконро бе назорат нагузоред!

КҲФ инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки барои эҳтиёт мӯзаҳои резинӣ дошта бошанд, ҳамеша бо худ телефонҳое, ки дорои алоқаи устувор ҳаст, нигоҳ доранд, дорухонаи хонаводагиро бо доруҳои зарурӣ таъмин намоянд.

Кумита аз сокинон хостааст, сари вақт ҷӯйборҳо ва обравҳои назди хонаҳои худро тоза нигоҳ доранд, то онҳо аз партовҳо тоза бошанд. 

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард ва ағбаҳо, КҲФ аз ронандагон  хоҳиш карда, то  ҳаракати худро шабҳангом ҷиҳати риояи бехтарӣ коҳиш диҳанд. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд, ба хусус дар рӯзҳои боронӣ ва ҳавои торик суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд.

Кумита ба касоне, ки аз бемориҳои дил ранҷ мебаранд тавсия дода, то дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва доруҳои заруриро бо худ бигиранд.

Зимнан, дар ҳолати зарурӣ бо шумораи 112 ва ё бахши навбатдории КҲФ бо шумораи телефонҳои  93 880 28 19,  223 13 11 тамос бигиред.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97