Пахтакиро кӣ мечинад?!

Хабари хуб 17.09.2009 15:29

Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, ки Гурӯҳи кории мутахассисони Вазорати кишоварзӣ барои муайян кардани ҳосили пахтаи соли 2009 ба ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ ба сафари корӣ баромадаанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, имсол бо сабаби боришоти зиёд кишти пахта як моҳ қафо монд ва аз ин рӯ чиниши он низ як моҳ ба таъхир афтода, ҷамъоварии ҳосили пахта аз моҳи сентябр оғоз ёфта ва ҷамъоварии дастҷамъонаи пас аз моҳи Рамазон шурӯъ мешавад.

- Бо сабаби мустақилияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар асоси фармони рақами 111-и Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо дода шудааст, мо ҳуқуқи аз онҳо талаб намудани маълумотро дар бораи ҷамъоварии пахта надорем, - иброз доштааст сардори Раёсати растанипарварии вазорат Сайдмурод Баҳриддинов.

Соли ҷорӣ донишҷӯён барои ҷамъоварии пахта сафарбар намешаванд, ин дар ҳолест, ки ҷамъоварии пахта худ як моҳ қафо афтодааст. Пахта ҳамоно боигарии асосии ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад. Дар сурати сари вақт ҷамъоварӣ нашудани он нафақат хочагиҳои деҳқонӣ, ки қувваи кориашон намерасад, зарар мебинанд, балки дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ низ зарар хоҳад дид. Пас чӣ бояд кард? Ин саволи рӯз аст, ки аз мутахассисону хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷавоби мушаххас мехоҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97