Кӯмакҳои нави Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Хабари хуб 17.09.2009 15:28

Бонки Ҷаҳонӣ Стратегияи кӯмакҳо ба Тоҷикистон барои солҳои 2010 то 2013-ро таҳия кардааст, ки тибқи он ин ниҳоди молӣ дар канори тарҳҳои мавҷуда ба миқдори 60 млн. доллари дигар ба Тоҷикистон кӯмакҳои молӣ ироа хоҳад кард.

Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Киара Бронки, рӯзи сешанбе дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе бахшҳои кишоварзӣ, хусусӣ, беҳдошту маориф ва коҳиши мизони фақрро аз бахшҳои дорои авлавият дар ин санад унвон кардааст. Ба гуфтаи хонум Бронки, мумкин аст буҳрони молӣ дар ҷаҳон то 13 моҳи дигар идома ёбад ва аз ин лиҳоз Тоҷикистон, ки фақиртарин кишвар дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ба пуштибонии молии созмонҳои байналмилалии молӣ шадидан ниёз дорад.

Гуфта мешавад ба ин далел Бонки Ҷаҳонӣ дар садад аст дар зарфи чаҳор соли оянда бо анҷоми тарҳҳое ба раҳоии Тоҷикистон аз буҳрони молӣ мусоидат кунад. Киара Бронки таъкид кардааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул умдатан аз буҷети Тоҷикистон, бахусус аз буҷети бахши иҷтимоии он пуштибонӣ хоҳад кард ва тарҳҳоеро барои беҳбуди вазъи беҳдошту маориф ва таъмини оби ошомиданӣ рӯйи даст хоҳад гирифт.

Бино ба гузориши намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ҳамакнун 18 тарҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимои дар маърази иҷро қарор доштааст, ки ҳазинаи онҳо 100 млн. долларро ташкил медиҳад, Дар ин ҳамоиш таъкид шудааст, ки танҳо аз тариқи рушди бахши хусусӣ ба коҳиши мизони бекорӣ ва фақр дар Тоҷикистон муваффақ шудан мумкин аст.

Аз ин лиҳоз, дар Стратегияи кӯмакҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистони мусоидати молӣ ба таъсиси бонкҳои хусусӣ ва тавассути ин бонкҳо сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ дар назар гирифта шудааст. Дафтари Иттиҳодияи Молии Байналмилалӣ ё IFC низ эълом кардаст, ки ин ниҳод барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон 16 млн. доллар ихтисос додааст.

Ҳамзамон, иддае аз ширкаткунандагони ҳамоиш масъалаи иҷрои Стратегияи кӯмакҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистонро матраҳ карданд. Ҳамчунин, масъулони Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилали Пул раванди иҷрои Стратегияи коҳиши мизони фақри ҳукумати Тоҷикистонро, ки бо пуштибонии молии ин ду ниҳоди байналмилалӣ анҷом мешавад, муваффақиятомез хонда ва таъкид доштанд, ки дар солҳои 2003 то 2007 мизони фақр дар Тоҷикистон аз 64 то 41 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар назар аст дар моҳи ноябри соли ҷорӣ тарҳи Стратегияи кӯмакҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон ва ин муассисаи молии байналмилалӣ баррасӣ шавад ва аз авоили соли оянда ба мавриди иҷро гузошта шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97