Соҳиби ширкати Ҳавонавардии S7 дар пайи суқути ҳавопаймо кушта шуд

Хабари хуб 02.04.2019 10:59

Сарватмандтарин бонуи Русия Наталия Филёва ва яке аз моликони ширкати Ҳавонавардии S7 дар пайи суқути як ҳавопаймо дар Олмон ба марг расид.

Даргузашти фоҷиабори ин зани сарватмандро намояндаи расмии ширкати Ҳавонавардии S7 ин маълумотро ба хабарнигорон тасдиқ кард.

Бону Филёваи 55-сола соли 2018 дар феҳрасти Forbes  аз ҷумлаи сарватмандтарин занҳои Русия, дар радаи  чаҳору ҷой дошт. Forbes дороиҳои Филёваро $600 миллион арзёбӣ кардааст.

Ҳодисаи фоҷиабор дар фурӯдгоҳи Франкфурт рух додааст. Ҳавопаймои хусусӣ, ки Наталия Филёва савори он буд, ҳангоми нишастан дар фурӯдгоҳи Эгелбах (Франкфурт-на-Майне) суқут кард.

Дар пайи суқути ҳавопаймо се шаҳрванди Русия кушта шудааст. Ба гуфтаи маркази ҳамоҳангии парвозҳои Олмон ҳавопаймо аз Фаронса меомад. Дар бораи мушкилот дар дохили ҳавопаймо гузориш нашудааст.

Зимнан, Ширкати ҳавонавардии S7, ки Филёва дар он раиси Шӯрои директорон буд, дуюмин ширкати бузурги хусусии ҳавонавардӣ дар Русия аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97