Рабудани дучархаи ноболиғ бо роҳи зӯрӣ

Хабари хуб 02.04.2019 09:41

Сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти як марди гумонбар бо роҳзанӣ хабар додааст.

Тибқи иттилои ин сайт, Як сокини 49 солаи деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ шикоят бурдааст, ки моҳи январи соли 2018, “Зокир” ном шахс бо тариқи зӯроварӣ аз писари ноболиғи 14-солааш, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, як адад дучарха, ки арзишаш 1750-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини деҳаи Қуштеппа бо гумони ғоратгарӣ дастгир шудаааст. Дар робита  ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97