Афзоиши сармоягузорӣ дар Геологияи тоҷик

Хабари хуб 17.09.2009 15:27

Мақомоти саридораи геология, аз афзоиши 149-дарсадии сармоягузорӣ дар бахши заминшиносӣ, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ хабар доданд. Ин сармоягузорӣ аз ҷумла дар фаъолиятҳои нақбканӣ, таҷҳизот барои иҷрои тарҳҳои марбут ба кашидани лӯлаҳои об дар манотиқи мухталиф сурат гирифтааст.

Аммо ба гуфтаи Азим Иброҳим, раиси саридораи геология, бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ дар бахши истихроҷи маъданҳо дар Тоҷикистон беасар набудааст.

Вай гуфти ӯ далелҳои мухталифи марбут ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ се ширкати хусусӣ, ки барои истихроҷи маъдан иҷозатнома дарёфт карда буданд, кори худро ҳанӯз натавонистаанд оғоз кунанд ва се ширкати дигар ба далелҳои мушобеҳ фаъолияти худро мутаваққиф карданд.

Азим Иброҳим инчунин қайд кардааст, ки сармоя барои бахши заминшиносӣ дар соли ҷорӣ аз се манбаъ - буҷети давлатӣ, мувофиқатномаҳои дуҷониба ва сармоягузорони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон машғули фаъолиятҳои заминшиносӣ ҳастанд, ворид шудааст.

Аз ҷумла ба гуфтаи ӯ, ҳудуди ду млн. доллар аз ин сармоя аз ду манбаи аввал ворид шуда ва даҳҳо млн. доллари дигар тавассути ширкатҳои хориҷӣ барои иҷрои тарҳҳояшон ба унвони сармоягузорӣ дар бахши заминшиносӣ муҳосиба шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ширкати "Крайсо ресурсиз", ки соли ҷорӣ мутолеаи зарфиятҳои кони тилои "Покрӯд", дар ғарби Тоҷикистонро анҷом дод, бо АЛТУС, як ширкати истихроҷи тило як созишномаи иштироки пардохт ва барои шаст моҳ ба имзо расондааст.

Раиси саридораи геология гуфтааст, ки ҳамакнун қарор аст тарҳи оғози истихроҷи тилло дар ин маъдан таҳия шавад.

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, зарфияти ин кони тило ҳудуди 28 тонн тахмин шудааст ва ин рақам тиллои мавҷуд дар қисматҳои жарфтари конро дар назар надорад.

Дар ҳамин ҳол, "Газпром Зарубежнефтегаз", як ширкати Русия ва "Тетис-Таҷикистан Лимитед" аз бузургтарин сармоягузорон дар бахши заминшиносии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Қарор буд ширкати "Газпром Зарубежнефтегаз" тобистони соли ҷорӣ умури кофтуковӣ барои мушаххас кардани чанд маъдани газ дар Тоҷикистонро оғоз кунад.

Таъаҳҳуди ин ширкат иборат аз ин буд, ки умури кашфро ҳамзамон дар минтақаҳои Сариқамиш, Ренгон ва Саргазон - манотиқе, ки заминшиносон аз эҳтимоли вуҷуди маъдани газ дар онҳо хабар додаанд, оғоз кунад.

Аз сӯйи дигар, ширкати "Тетис-Таҷикистан Лимитид" низ ба кашф ва истихроҷи гази табиӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Ин ширкат ду маъдани газ дар атрофи шаҳри Душанбе ва дар вилояти Хатлонро, ки истихроҷи газ дар онҳо мутаваққиф шуда буд, муҷаддан мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97