Тавҳини Вазири ҳуқуқи башари Покистон ба сафири Амрико дар Кобул

Хабари хуб 28.03.2019 14:42

Ширин Мазорӣ, вазири ҳуқуқи башари Покистон Ҷон Бос, сафири Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Кобулро фарди ”қад кӯтоҳ ва нодон“ тавсиф кардааст. Дар ин бора хабаргузории Хома пресси Афғонистон хабар додааст.

Хонум Мазорӣ ин суханонро дар вокуниш ба изҳороти ахири сафири Амрико алайҳи нахуствазири Покистон баён кардааст.

 Ҷон Бос, сафири Амрико дар Кобул бо нашри паёме дар сафҳаи Твитери худ навиштааст, ки баъзе аз равишҳои киркет дар майдони сиёсат ё диплумосӣ хуб кор мекунанд, аммо бархе аз ин равиш коро нестанд.

 Оқои Бос ҳамчунон гуфтааст, ки аз мудохилаи номуносиб дар раванди сулҳ ва умури дохилии Афғонистон бояд ҷилавгирӣ шавад.

 Ин дар ҳоле аст, ки нахуствазири Покистон ба тозагӣ гуфтааст, ки раванди сулҳи Афғонистон бо бунбаст мувоҷеҳ шудааст ва барои шикастондани ин бунбаст бояд як ҳукумати муваққат эҷод шавад.

Дар айни ҳол хонум Мазорӣ бо нашрӣ як паём дар сафҳаӣ Твитери худ, сафири Амрико дар Кобулро фарди қад кӯтоҳ тавсиф карда ва иддао кардааст, ки оқои Бос фаҳми ноқисе аз мудохилаи номуносиб дар масоили Афғонистон ва минтақа дорад.

 Баъзе аз корбарони Твитер ин суханони хонум Мазориро накӯҳиш карда ва онро хилофи арзишҳои дипломатӣ тавсиф кардаанд.

Аммо хонум Мазорӣ дар посух ба ин интиқодот дипломатҳои Амрикоиро муттаҳам ба нақзи арзишҳои дипломатӣ карда ва афзудааст, ки бо шумули Зулмай Халилзод ва ин фарди нодон (Ҷон Бос) дипломатҳои амрикоӣ арзишҳои дипломатиро нақз кардаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97