Кушта шудани як зан дар шаҳри Бӯстон

Хабари хуб 28.03.2019 13:58

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилаи кишвар, рӯзи 27-уми марти соли 2019, тахминан соати 08:20-дақиқа, дар назди партовгоҳи маҳаллаи Рӯдакии шаҳри Бӯстон ҷасади зани 38-солаи сокини ин шаҳр пайдо шудааст.

Дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор шуда ва ин шахс, зодаи ноҳияи Б. Ғафуров, бе ҷойи зисти доимӣ муаррифӣ мешавад.

Дар сомонаи мазкур оварда шудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи зодаи шаҳри Истаравшан, бе ҷои зисти доимӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 25-уми марти соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҳангоми дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳри Бӯстон қарор доштан, ҷабрдидаро барои тасарруф намудани телефони мобилиаш тамғаи «Алкател» гумонбар ҳисобида, ба узвҳои муҳимми ҳаётии вай як чанд маротиба задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ин маврид парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97