Амрико пахтаи Узбекистонро аз таҳрим озод кард

Хабари хуб 28.03.2019 13:51

Иёлоти муттаҳидаи Амрико пунба ё пахтаи Узбекистонро аз феҳристи маҳсулоти таҳримшуда берун кард.

Таҳримҳои ИМА дар нӯҳ соли пеш барои истифодаи нерӯи кӯдак дар чиниши пахта вазъ шуд ва ворид кардани пахтаи Узбекистон ба хоки Амрико ва ҳам истифодаи ширкатҳои амрикоӣ аз ин маҳсулот мамнуъ шуд.

Дар пайи эътирози ҳомиёни ҳуқуқ, чандин ширкати маъруфи дунё, аз ҷумла Tesco, Gap, Marks & Spencer ва Wall-Mart маҷбур шуданд, аз харидории нахи пахтаи Узбекистон даст бикашанд.

Дар як огаҳие ба унвонии Реестри федеролӣ рӯзи 25 март вазорати кори ИМА навишт, ки пахтаи Узбекистонро аз феҳристе берун мекунад, ки дар он навишта шудааст: “шаҳодати қобили эътимоди он вуҷуд дорад, ки ин маҳсулот бо истифода аз меҳнати иҷбории кӯдакон истеҳсол ва коркард шудааст”.

Дар гузориши вазорати кори ИМА оварда шудааст, ки бар асоси таҳлилҳои вазорати умури дохилӣ маълум шудааст, ки истифодаи нерӯи кӯдак дар майдонҳои пахтаи Узбекистон ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст.

Солҳо пеш созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мақомоти Узбекистонро барои истифода дар чидани ҳосили пахта ба таври фаровон ва бемаҳдудият аз нерӯи кӯдакон муттаҳам медонистанд.

 Узбекистон бузургтарин истеҳсолкунандаи пахтаи хом дар Осиёи Марказӣ ва дар ҷаҳон ҳам панҷумин тавлидкунандаи калонтарини пахта ба ҳисоб меравад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97