Милисае, ки занеро лату куб кард, бозпурсӣ шуд

Хабари хуб 21.03.2019 18:03

Сафарбек Сатторов, корманди Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо гумони латукӯби як зани зоҳиран гирифтори бемории равонӣ, бозпурсӣ мешавад. Навори латукӯби ин зан рӯзи 21-уми март дар шабакаи "Фейсбук" нашр шуд.

Саҳнаи латукӯби зане аз ҷониби корманди милиса дар Душанберо яке аз сокинон ба телефонаш сабт кардааст.

Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба радиои “Озодӣ” гуфтааст, Сафарбек Сатторов барои бозпурсӣ даъват шудааст. Ӯ ба тафтишоти ВКД гуфтааст, ки зан дар хиёбон дод мезад ва вақте хост, ӯро ором кунад, зан ба ӯ ҳамла кардааст ва аз ин рӯ дигар худашро идора карда натавониста, ба зан зарба задааст.

Ба навиштаи ин расона, ин манбаъ гуфтаас, зан зоҳиран гирифтори бемории рӯҳӣ ҳаст ва ба ташхис ҷалб шудааст. То ҳол дар робита ба ин ҳодиса парванда боз нашудааст.

Гуфта мешавад, пас аз анҷоми пурраи тафтиш дар ин робита тасмим гирифта мешавад. Нашри навори лату куби зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокуниши корбаронро ба бор овардааст. Бисёре аз корбарон рафтори корманди милисаро маҳкум кардаанд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буданд, ки ба таҳқиқи фаврии ҳодисаи латукӯби як зан аз ҷониби корманди милиса шуруъ кардаанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми март дар суҳбат ба радиои “Озодӣ” гуфтааст, қазия фавран мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Ду навори кутоҳ аз латукӯби як зан аз ҷониби корманди милиса нисфирӯзии 21-уми март дар шабакаи Фейсбук нашр шуд. Дар навори аввал зан фарёд мезанад, ки "назан", вале нафаре бо либоси корманди милиса ва дар даст чубдасти ишоратии хоси кормандони БДА ба сару рӯйи зан чанд шаппотӣ мезанад. Дар ин навор дида мешавад, ки раҳгузарон корманди милисаро бо садои "ин зан бемории рӯҳӣ дорад", талош мекунанд аз ин амалаш боздоранд, вале зоҳиран асар намекунад.

Дар навори дуюми идомаи сабти ин саҳна зан дар рӯи роҳ афтодааст ва милиса талоши боло кардани ӯро мекунад, вале зан дод мезанад. Дар гурӯҳи фаъоли фейсбукии "Мо-тоҷикистониён" омадааст, ки ҳодиса субҳи имрӯз дар наздикии бинои Вазорати мудофиа рух додааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 21-уми март дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ»  гуфтааст, ки ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рух додааст. Тафсилоти ин ҳодисаро пас аз таҳқиқ баён хоҳанд дошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97