Сердюков бе натиҷа баргашт

Хабари хуб 17.09.2009 15:27

Вазири дифои Русия Анатолий Сердюков, бидуни тавофуқе дар бораи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, Душанберо тарк кардааст.

Дидори кории Анатолий Сердюков аз Тоҷикистон аз рӯзи ҷумъаи гузашта оғоз шуд, вале ӯ бо хабарнигорон мавзӯъи сафари худро матраҳ накардааст ва мақомоти тоҷик низ тайи ин муддат аз ибрози назар дар бораи ин сафар худдорӣ мекарданд, ҳарчанд гуфта мешуд, ки пойгоҳи низомии Русия дар меҳвари музокироти ӯ бо мақомоти тоҷик аст. Аммо манобеи Вазорати дифои Русия пас аз анҷоми сафари Анатолий Сердюков тайид карданд, ки мавзӯи будубоши минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар дидори Анатолий Сердюков бо мақомоти тоҷик баррасӣ шудааст.

Сухангӯйи вазорати дифои Русия Алексей Кузнетсов, гуфтааст: "Дар ҷараёни ин сафар чанд мавзӯъ, аз ҷумла фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрфави Тоҷикистон, баррасӣ шуд." Аммо номбурда афзудааст, ки дар мавриди маблағе, ки ҷониби Тоҷикистон барои буду боши ин пойгоҳ дар Тоҷикистон дархост кардааст, иттилое надорад.

Дар ҷараёни мулоқоти Дмитрий Медведев бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе дар авохири моҳи июл эълом шуда буд, ки вазоратҳои дифои ду кишвар мавзӯи ҳамкориҳои низомӣ ва аз ҷумла идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ ва пешниҳодҳои худро ба раисони ҷумҳури ду кишвар ироа хоҳанд кард.

Хабари алоқамандии Тоҷикистон ба дархости пардохти иҷора барои пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар дар ҳоле мунташир мешавад, ки мубоҳисоти тӯлонӣ байни мақомоти қирғиз ва омрикоӣ мунҷар ба ин шуд, ки баҳои истифода аз қаламрави Қирғизистон барои интиқоли тадорукоти низомии Амрико ба Афғонистон афзоиш ёбад.

Аз муддатҳо қабл дар маҳфилҳои коршиносии Тоҷикистон мавзӯъи зарурати бознигарӣ дар шароити будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон матраҳ будааст. Ин амр ба иҷро нашудани муфодди мувофиқатномаи соли 2004 дар Сочи аз ҷониби Русия марбут хонда мешавад.

Бар асоси ин мувофиқатнома, ки миёни Эмомали Раҳмон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури вақти Русия имзо шуд, Русия мебоист дар иқтисоди Тоҷикистон беш аз ду миллиард доллар, бо шумули беш аз яку ним миллиард доллар барои сохтани нерӯгоҳи обии "Роғун" ихтисос диҳад.

Тоҷикистон он замон дар ивази ин ваъдаҳо розӣ шуд, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мустақар бошад ва ҳамчунин дар ивази қарзҳои худ дидбонгоҳи фазоии "Окно"-ро ба моликияти Русия таҳвил дод, аммо барои замине, ки Русия аз он истифода мекунад, пули иҷора нахост.

Мақомоти Тоҷикистон акнун бар ин назаранд, ки Русия шартҳои ин тавофуқотро иҷро накардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ва ҳамчунин пуштибонии раиси ҷумҳури Русия аз мавзеъгирии Узбакистон дар қиболи тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар авоили соли ҷорӣ, равобити Душанбе ва Маскав ба сардӣ гаройид.

Ҳамакнун бархе аз соҳибназарон дар Тоҷикистон бар зарурати бознигарӣ дар шароити будубоши низомиёни рус дар ин кишвар ва имкони касби имтиёзоти бештаре аз Русия дар ивази ҳузури низомияш дар Тоҷикистон таъкид мекунанд.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бар асоси мувофиқатномаи руасои ҷумҳури ду кишвар дар соли 2004 ба таври бемӯҳлат ва машрут ба пардохти символӣ ҳудуди 40 сенти амрикоӣ дар сол фаъолият мекунад. Воҳидҳои низомии Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғон-теппа ва Кӯлоб мустақарранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97