Раиси ҷумҳур эътимодномаи 9 сафири ҷадидро пазируфт

Хабари хуб 15.03.2019 15:37

Имрӯз дар Кохи миллат Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон аз 9 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд. Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба раиси ҷумҳур сафирони Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин, Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷон Марк Поммершайм, Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон Жаниш Рустенбеков, Шоҳигарии Дания Карстен Сендергорд, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Нурдин Муҳаммад Шаҳид, Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Карлос Алкала Кордонес, Ҷумҳурии Конго Давид Мадука ва Ҷумҳурии Гана Муҳаммед Саюти Яҳая, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеъаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханонаш таъкид намуданд, ки “ҷумҳурии Тоҷикистон, бо такя ба Консепсияи сиёсати хориҷии худ, ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои фарогир бо ҳамаи кишварҳои хориҷаи дуру наздик кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад”.

Дар фарҷом раиси ҷумҳур бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоъидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97