Такя ба андешаи миллӣ

Хабари хуб 10.09.2009 15:24

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, дар пайёми телевизиюнии худ дар робита бо рӯзи таҷлил аз 18-умин солгарди касби истиқлол бар зарурати такия ба ончи андешаи миллӣ ва ваҳдати миллӣ меномад, таъкид кардааст. Дар матни суханронии Раиси ҷумҳур аз ҷумла омадааст: "Андешаи миллӣ барои таҳкими ваҳдати комил ва рушди устувори давлатдорӣ нақши басо муассир мебозад."

Ҳарчанд раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ дақиқан нагуфтааст, ки чӣ равиш ва ё ақидаеро ба унвони андешаи миллӣ дар мадди назар дорад, вале ба эътиқоди вай "андешаи миллӣ маҳсули ақли солим, хиради азалӣ ва ҳикмати чандинҳазорсолаи миллатамон будааст."

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кардааст: "Сулолаҳо, шоҳону лашкаркашон меоянду мераванд, низомҳои сиёсиву иҷтимоъӣ дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо дар масири ин таҳаввулот торафт сайқал ёфта, боз ҳам пурмазмун ва пурҷилову тобнок мешавад."

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар паёми худ ба зарурати таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъкид кардааст. Ӯ даъват кардааст, ки аз нуфузи "андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон", ҷилавгирӣ шавад.

Ба эътиқоди президент Раҳмон, дар ин раванд таъмини ваҳдати ақоид муассир хоҳад буд, зеро "ваҳдати динӣ як рукни муҳиму ҷудоинопазири ваҳдати миллӣ мебошад."

Раиси ҷумҳур муътақид аст, ки эъломи соли бузургдошти Имоми Аъзам, раҳбари маҳзаби ҳанафия, дар Тоҷикистон гоми муҳимме барои "таъмини ваҳдати ҷомеа" будааст.

Ӯ афзудааст: "Бузургдошти шахсият ва таълимоти Имоми Аъзам ба мубоҳисаҳои тӯлонии назарӣ ва мафкуравие, ки солҳои охир дар ҷомеъаи мо идома доштанд, посухҳои равшану зарурӣ медиҳад ва дар айни замон ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад." Раиси ҷумҳур бар ин бовар аст, ки "бақои миллат ва иқтидори давлат аз бардошту тавоноии ҳамин сутунҳо вобаста аст ва маҳз дарки ҳамин нуктаи олӣ миллати бостонии моро аз пошхӯрӣ эмин дошт."

Ин дар ҳолест, ки аз аввали соли нави таҳсил дар макотиби Тоҷикистон омӯзиши фанни ҷадиде ба номи "Маърифати ислом" оғоз шудааст ва мақомот мегӯянд, ки ҳадаф аз роҳандозии ин фан ҳифзи ваҳдати ақида бар пояи мазҳаби ҳанафия аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97