Раиси ҷумҳури Татаристон аз Тоҷикистон боздид мекунад

Хабари хуб 15.03.2019 09:04

Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, Рустам Миннихонов раиси ҷумҳури Татаристон дар торихи 19 марти соли ҷорӣ барои музокирот бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон вориди Душанбе хоҳад шуд.

Лилия Галимова намояндаи расмии Қозон дар робита ба ин мавзуъ гуфт, ки Миннихонов барои 2 рӯз дар Душанбе хоҳад буд.

Вай афзуд, ки дар мулоқоти руасои ҷумҳури ду кишвар масоили тақвияти ҳамкорӣ баррасӣ хоҳад шуд. Қарор аст имсол Раҳмон ва Миннихонов ташрифоти мутақобиларо анҷом диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2005 барои ширкат дар нишасти сарони Иттиҳодияи кишварҳои мустақили муштаракул манофеъ дар Қозон ҳузур дошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97