Қарзҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ чи миқдорро ташкил медиҳанд?

Хабар 13.03.2019 13:22

Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ дар гузорише мизони рақобатпазирии кишварҳо дар сатҳои мухталифро раддабандӣ карда ҳамчунин миқдори қарзҳои хориҷии ҳар кишварро низ ҳисоб кардааст.

Қазоқистон

То аввали октябри соли 2018 қарзҳои хориҷии ин кишвар 161.5 миллиард доллар буда, ки аз ин маблағ 48.9 миллиард доллар ба Голандия, 21.3 миллиард доллар ба Англия, 12.3 миллиард доллар ба Амрико, 11.9 миллиард доллар ба Чин, 11.7 миллиард доллар ба Фаронса ва 10 миллиард доллар ба Русия таъаллуқ доранд.

Қирғизистон

То аввали октябри соли 2018 қарзҳои хориҷии Қирғизистон ба 3 миллиарду 764 миллион доллар расидааст. Бонки содирот ва воридоти Чин бо 1.7 миллиард доллар асоситарин қарздиҳанда ба Бишкек маҳсуб мешавад.

Ин кишвар аз Ҷопон 237 миллион доллар ва аз Олмон 83 миллион доллар қарздор аст.

Узбакистон

То аввали октябри соли 2018 қарзҳои хориҷии Узбекистон 147 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Ниҳодҳои иқтисодӣ ва молии Тошканд дар мавриди ин ки Узбакистон аз чи кишварҳое ва ба чи мизон қарздор аст, гузориш намедиҳанд.

Тоҷикистон

То аввали октябри соли 2018 қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 2.8 миллиард доллар будааст, ки аз ин маблағ 1.2 миллиард доллар ба “Акзимбонк”-и Чин, 318 миллион доллар ба Бонки ҷаҳонӣ, 278 миллион доллар ба Бонки тавсеъаи Осиё, 112 миллион доллар ба Бонки тасеъаи исломӣ, 62.2 миллион доллар ба Садуқи байналмиллалии пул таъаллуқ доранд.

Туркманистон

Дар мавриди Туркманистон иттилоъоти дақиқ вуҷуд надорад, вале бар асоси гузоришҳои манобеъи мухталиф қарзҳои хориҷии ин кишвар 9-11 миллиард доллар мебошад. Ҳамчунин дар мавриди ба чи кишварҳое таъаллуқ доштани ин қарзҳо низ ниҳодҳои расмии Туркманистон иттилоъ намедиҳанд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97