“ОЯНДАИ ХУДРО БИДУНИ ТЕРРОРИЗМ МЕСОЗЕМ!”

Хабар 13.03.2019 10:19

Шаҳри Фарғонаи Узбекистон ду рӯз мизбонии як фестивали байналмилалии ҷавонони водии Фарғонаро таҳти унвони “Ояндаи худро бидуни терроризм месозем!” бар дӯш дошт.

Ин фестивал бо ибтикори ҳокимияти вилояти Фарғона таҳти унвони “Ояндаи худро бидуни терроризм месозем” баргузор гардид. Дар он ҷавонони вилояти Суғди Тоҷикистон, вилоятҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Боткенти ҷумҳурии Қирғизистон ва вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангони ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзиданд. Дар фестивали мазкур намояндагони ниҳодҳои худидоракунӣ, марказҳои миллӣ-фарҳангӣ, вакилони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, дин ва васоити ахбори умум низ иштирок карданд.

Мизбонон меҳмонони фестивалро бо нону намак истиқбол гирифтанд. Парчамҳои се давлат дар кӯчаҳо ва майдону хиёбонҳо парфишонӣ кард, шодиву тараб ва хурсандӣ дар фазои шаҳри Фарғона ҳукмфармо буд. Чунон ки дар рамзи фестивал се даст ҳамдигарро доштааст, ҷавонони вилоятҳои водии Фарғона низ даст ба дасти ҳамдигар доданд ва шукӯҳу шаҳомати фестивал беш аз пеш намои дигарро касб намуд. Барои истиқомату фароғат ва ширкати фаъолонаи меҳмонони фестивал дар мусобиқаҳои варзишӣ тамоми шароити созгор фароҳам оварда шуд.

Рӯзи аввали фестивал дар маросими ифтитоҳи он ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев меҳмононро хайрамақдам гуфт. Баъд ҷонишини якуми Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Алишер Сайдуллоев, ҷонишини вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон Ойбек Қосимов, ҷонишини Раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Баҳодурзода, ҷонишини Губернатори вилояти Ӯш Б. Юсупов, намояндагони вилоятҳои Боткент ва Ҷалолобод Ч.Сатторова ва А.Сансизбоев, мудири котибияти вилояти Намангон А.Тӯйчиев ба минбар баромаданд. Онҳо перомуни муштарак будани таъриху фарҳанг, расму ойин, дину мазҳаби мардуми се кишвари водии Фарғона, ҳамчунин нақши ҷавонони он дар мустаҳкам кардани дӯстиву рафоқати байни миллатҳо, муборизаашон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ суханронӣ карданд.

Конфронси илмӣ-амалии фестивал бар асоси “Харитаи роҳ”, ки дар ҷараёни гуфтушуниди ҳайатҳои байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз 10 январи соли 2018, ҳамчунин протоколи мулоқоти ҳокимони вилоятҳои наздимарзии Ӯзбекистону Қирғизистон аз 29 марти соли гузашта ҳосил шудааст, баргузор шуд ва мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароиро меҳвари худ қарор дод.

Ногуфта намонад, ки дар фазои Осиёи Марказӣ тарғиб кардани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар масъалаҳои амнияту суботи минтақавӣ, ҳамчунин таҳким бахшидани дӯстиву рафоқати байни миллатҳо, таҳаммулпазирии динӣ дар се кишвари ҳамҷавор низ дар ин фестивал тазаккур ёфт.

– Мо дар замоне ба сар мебарем, ки пешгирӣ аз хурӯҷи ғояҳо ва мубориза ба муқобили терроризм аз авлавиятҳои вазифаҳои моро ташкил мекунанд. Зимнан фароҳам овардани робитаҳои дӯстона ва аҳлонаи байни шаҳрвандони се кишвари ҳамҷавор дар ин мубориза, ҳамзамон барқарории амну субот хеле мусоидат мекунанд, – гуфт намояндаи вилояти Суғд, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Гуласал Пӯлодова.

– Омадану ширкати мо дар фестивали мазкур иқдоми хубест, ки минбаъд бояд ба анъана табдил ёбад. Ҷавонони қирғизистонӣ низ дарк намудаанд, ки терроризм балои бадест, барои ҳамин ҳамеша алайҳи он шадидан мубориза мебаранд, – изҳор кард Одина Аббосова.

Шоми ҳамон рӯз чароғҳои варзишгоҳи «Истиқлол»-и шаҳр, ки барои 20 ҳазор нафар тамошобин муқаррар шудааст, равшан гардид ва нишастгоҳҳои он аз тамошобинон пур шуд. Аксари онҳо дар даст байрақҳоро ҷилва медоданд. Консерти дастҷамъӣ баргузор гардид. Овозхонҳои маъруфи тоҷику қирғиз ва ӯзбек, ҳамчунин дастаҳои ҳунарии се кишвар барномаҳои консертии худро намоиш доданд.

Дар рӯзи дуввум аз рӯи минифутбол, тенниси рӯи миз ва волейбол мусобиқаҳои варзишӣ ба роҳ монда шуданд. Ин мусобиқаҳо дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Фарғона ба вуқӯъ пайвастанд. Дар ин ҷо намоиши маҳсулоти гуногуни шоҳию атлас, кулолгарӣ ва амсоли он низ роҳандозӣ гардид, ки бо дастони ҷавонони вилоят сохта шудаанд.

– Дар фестивал мо маҳсулоти худро ба намоиш гузоштем. Метавон гуфт, ки як қатор зарфҳои сафолини моро маҳз, ҷилои рамзҳои дӯстиву рафоқат ва меҳру муҳаббат ташкил медиҳанд. Терроризм иллатест, ки мо бо ҳар роҳу восита бояд алайҳи он мубориза барем, – мегӯяд сафолгари ҷавони риштонӣ Элбек Ҳайдаров.

Дар чаҳорчӯби фестивал меҳмонон аз ҷойҳои таърихии шаҳри Фарғона боздид намуданд, бо ашёи намоишии осорхонаи вилоят ошно шуданд. Дар шаҳри Марғелон онҳо ба Маркази ҳунармандон ташриф оварданд. Меҳмонон офаридаҳои дастони муъҷизакори атласу адрасбофони марғелонӣ, тарзи кори онҳо, ҳамчунин либосҳои гуногунрангу ҷозибаноки аз ин матоъҳо дӯхтаву овезонро бо шавқ тамошо карданд. Маросими пухтани суманаки баҳории занону духтарони Маркази ҳунармандон ба меҳмонони фестивал хеле писанд омад. Онҳо деги суманакро кофтанд, ният карданд, ки орзуҳояшонро Худованд бароварда созад.

Тибқи барномаи фестивал шоми 12 март иштирокчиёни он дар саройи ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғона ҷамъ омаданд. Дар ин ҷо намоишномаи «Гули хазоншуда» ба маърази тамошо гузошта шуд.

Фестивали байналмилалии ҷавонони вилоятҳои ҳаммарзи се кишвар ду рӯз давом кард ва 12 март ба фарҷом расид.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Шаҳри ФАРҒОНА

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97