Боздиди намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Покистон

Хабари хуб 11.03.2019 10:00

Як ҳайате аз намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандии Тоҷикистон барои омӯзиши таҷриба ба Покистон сафар карданд.

Боздид аз ду шаҳри бузургтарини нассоҷӣ, шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои маъруфтарини нассоҷиву дӯзандагӣ ва иттиҳодияву донишгоҳҳои соҳавӣ, имзои созишномаҳои ҳамкорӣ – ин ҳама ҷузве аз барномаи сафари ҳафтаинаи ҳайъати намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Покистон мебошад. Ин ҳайъат барои барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, омӯзиши таҷрибаи корхонаҳои нассоҷӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо ба Покистон сафар карданд.

Ҳайъати Тоҷикистон аз раҳбарон ва намояндагони 13 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, ду донишгоҳ, Иттифоқи рушди бахши хусусӣ ва Вазорати саноъат ва технологияҳои навини Тоҷикистон иборат аст. Дар ҷараёни сафар, ки 9-уми март оғоз шуд ва то 16-уми март идома хоҳад кард, ҳайъати мазкур аз Лоҳур ва Файсалобод дидан хоҳад кард. Аввалин бор аст, ки нассоҷони Тоҷикистон бо чунин як сафари омӯзишӣ ба Покистон, кишваре аз даҳгонаи пешсафи истеҳсолкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон мераванд.

Ин сафар бо маблағгузории ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи USAID бо номи “Фаъолияти ҳамгироии иқтисодии минтақавии Покистон” (PREIA) сурат мегирад.

Ҳадаф аз ин сафар шиносоии намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бо занҷираи арзиши иловашудаи соҳаи нассоҷӣ дар Покистон, аз ҷумла истифодаи технологияҳо ва таҷрибаҳои истеҳсолӣ, барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ дар сатҳҳои гуногун, омӯзиши бозори ашёи хом ва фазои фурушгоҳҳои чаканаи маҳсулоти соҳа мебошад. Вохӯриҳо бо иттиҳодияҳо ва донишгоҳҳои соҳавӣ барои эҷоди ҳамкориҳо дар оянда замина фароҳам меорад.

Соҳаи нассоҷии Покистон дар рақамҳо:

Узви даҳгонаи пешсафтарини истеҳсолкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон;

Таъмингари 5%-и иқтидори ҷаҳонии истеҳсоли ришта;

Таъмингари 9%-и ниёзҳои ҷаҳонии маҳсулоти нассоҷӣ;

Чаҳорумин истеҳсолкунандаи  бузурги пахта дар Осиё;

Ҳаштумин содиркунандаи бузурги маҳсулоти нассоҷӣ дар Осиё;

Соҳаи нассоҷӣ бузургтарин соҳаи истеҳсолӣ дар кишвар мебошад;

Саҳми соҳаи нассоҷӣ дар ММД-и кишвар 8,5% ташкил медиҳад;

Соҳа тақрибан 45%-и нерӯи кории кишварро бо ҷойи кор таъмин мекунад.

Меҳмонони тоҷик, аз ҷумла бо технология ва равандҳои истеҳсолӣ дар ширкатҳои маъруфе назири Nishat Group, Sapphire Group, Style Textile, Shakam, Sadaqat Textiles, Imrahim Group, Masood Textile, Sitara Group, ва ғайра шинос мешаванд ва таҷрибаи онҳоро меомӯзанд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо, роҳандозии барномаҳои ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои соҳавии Тоҷикистону Покистон низ баррасӣ хоҳад гашт. Қарор аст, донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар донишкадаи мӯд ва тарроҳии Покистон воқеъ дар Лоҳур ва донишгоҳи миллии нассоҷии Файсалобод cозишномаҳои ҳусни тафоҳум имзо намоянд.

Ҳангоми боздид аз марказҳои логистикӣ шароити содироту воридот омӯхта мешавад. Боздид аз фурушгоҳҳои Лоҳур ва Файсалобод низ бо мақсади шиносоӣ бо василаҳои пешниҳоди маҳсулот ба муштариёни умумӣ ва муошират бо онҳо дар нақша аст.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоъидати ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97