Давлат мухолифи тарҳи ислоҳи қонуни интихобот

Хабари хуб 03.09.2009 15:43

Давлати Тоҷикистон бо тарҳи ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонии кишвар, ки аз ҷониби Шодӣ Шабдолов, намояндаи ҳизби коммунист дар порлумон барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуда буд, мухолифат кардааст. Масъулони ниҳодҳои зирабти давлат аз шарҳи илали ин тасмим худдорӣ кардаанд, вале ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов давлат дар мавриди имкони баррасии ин тарҳ дар порлумон «хулосаи манфӣ» ироа кардааст.

Манобеъи Маҷлиси намояндагони порлумон мегӯянд, ки тибқи муқаррарот, хулосаи ҳукумати кишвар дар мавриди тарҳҳои пешниҳодӣ аз сӯйи намояндагони порлумон ҳатмӣ аст.

Ин тарҳ дар соли гузашта ба ибтикори IFES ё Сандуқи байналмилалии системаҳои интихоботӣ ва дар ҳамкорӣ бо Комисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва аҳзоби сиёсии кишвар таҳия шуда ва дар моҳи феврали соли ҷорӣ барои баррасӣ ба порлумон ироа шуда буд.

Аз ҷумла, дар ин санад ислоҳоте дар заминаи шомил сохтани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба марказҳои раъйдиҳӣ, лағви пардохти гаравпулӣ ба миқдори 500 маоши ҳадди ақал барои номзадҳои интихобот ва адами мудохилаи мақомоти маҳаллӣ дар фаъолияти ҳавзаҳои интихоботӣ дар назар гирифта шуда буд.

Ба эътиқоди масъулони бархе аз аҳзоби сиёсӣ, ислоҳоти пешниҳодӣ дар Қонуни интихоботи порлумонӣ, дар сурати тасвиб, заминаи мусоидтаре барои баргузории интихоботи шаффоф ва мунсифонаи аъзои порлумон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.

Созмонҳои байналмилалӣ ва аҳзоби сиёсии кишвар бар инанд, ки ба далели шаффоф набудани фаъолияти марказҳои раъйдиҳӣ, ширкат надоштани намояндагони аҳзоб дар шумориши оро ва мудохилаи ниҳодҳои давлатӣ дар фаъолияти комиссиюнҳои марокиз ва ҳавзаҳои интихоботӣ мавориди фаровони тақаллуб дар интихоботи порлумонии солҳои 2000 ва 2005 ба мушоҳида расида ва ин тадобир бо мавозини байналмилалӣ мутобиқат надоштааст.

Шодӣ Шабдолов, намояндаи порлумони Тоҷикистон ва раиси Ҳизби коммунист гуфтааст, ки бо вуҷуди мухолифати давлат бо тарҳи пешниҳодшуда, вай барои муваффақ шудан ба баррасии тарҳи ислоҳи қонуни интихобот дар иҷлоси порлумон талош хоҳад кард. Ӯ ҳамзамон таъкид кардааст, ки ҳатто дар сурати баррасии ин тарҳ дар порлумон намояндагони ҳизби халқӣ - демократ, ки дар маҷлис аксариятро ташкил медиҳанд, аз тасвиби он монеъ хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, Комисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии мегӯяд, ки тадорукот ба интихоботи порлумонӣ, ки қарор аст дар моҳи феврали соли оянда баргузор шавад, идома дорад. Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Комисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки феълан феҳристи раъйдиҳандагон, мадорик барои номзадҳои интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ ва порлумонӣ ва баргаҳои раъй мунташир шудаанд ва ин аснод дар ҳавзаҳою марказҳои раъйдиҳӣ тақсим хоҳанд шуд. Ҳамзамон, Додоҷонов эътироф кардааст, ки сатҳи омодагӣ ба интихоботи оянда дар муқоиса бо интихоботи соли 2005 пойин буда ва то ҳол давраҳои омӯзишӣ барои аъзои ҳавзаҳои интихоботӣ ва корҳои рӯшангарӣ ва огоҳсозӣ дар миёни раъйдиҳандагон дар бораи наҳваи раъйдиҳӣ дар интихобот анҷом нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, дар остонаи интихоботи порлумонии соли 2005 ба ибтикор ва сармояи созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 150 тадбир, назири давраҳои омӯзишию семинарҳо, баргузор шуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97