Калисои католики Олмон хостори ҳузури занон дар сатҳи раҳбарӣ шуд

Хабари хуб 09.03.2019 09:53

Расвойи озори ҷинсии кӯдакон дар миёни кашишҳои (рӯҳониён) калисои католик, зарурати қудрат гирифтани занон дар ин калисоро беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳ қарор додаст. Болотарин мақоми рӯҳонии Олмон хоҳони баробарии занон ва мардон дар умури калисо шуд.

Садои касоне, ки мӯътақиданд идораи умури қудсии калисои католик бояд ба занон кушода шавад ва ҳолати мардонаи ин маҷмаъ ба ақиб ронда шавад, рӯз ба рӯз баландтар мешавад. Бо ин ҳол садҳо сол суннат, адам пазириш ин масъала аз сӯи поп, раҳбари католикҳои ҷаҳон, монеъе бузург дар расидан ба баробарӣ эҷод кардааст.  

 Бо вуҷуд ин гурӯҳе аз усқуфҳои (епископ) Олмон талош мекунанд варои баҳс ва ҷадалҳои тӯлонӣ дар ин бора, суннатҳои кӯҳнаро дур бизананд ва занонро ба мавқеъияти раҳбарӣ дар калисои католик бирасонанд. Ин мавзӯъ нишаст ояндаи онҳо дар шаҳри Лингени Олмон хоҳад буд.  

 Занони рӯҳонӣ дар солҳои ахир идораи бисёре аз калисоҳои католик, анҷуманҳои хайрияи ин калисо ё марокизи улуми динии онро ба ӯҳда гирифтаанд. Идораи дафотир усқуфҳо низ дар ин солҳо ривоҷ бештаре ёфтааст.

 Аввалин бор дар сол 1992 буд, ки як зан раёсати умури идори як усқуфро дар Олмон бар ӯҳда гирифт. Дар сол 2002 усқуфи калисои католики шаҳри Оснабрюк дар шимоли Олмон идораи дафтар муроқибатҳои маънавиро ба як мутахассиси илоҳиёт ба номи Даниэла Ангеларте дод. Ӯ комиссияи занонро дар конфронс усқуфҳо низ мудирият кард.  

 Акнун занон дар ҳайати усқуфҳои Олмон ҳузур доранд. (раёсати ин ҳайат бо кординолии Рейнхарду Марксу болотарин мақом клисои катулик Олмон аст).  

Ҳамакнун панҷ зан дар мудирият конфронсҳои раҳбарикунандаи усқуфнишини шаҳр Терер ҳузур доранд. Яке аз ин занон Кристин Штраус коршинос умур молӣ ва банкӣ аст, ки даҳ сол аст мудирият умур молии ин усқуфнишинро бар ӯҳда дорад. Дар Берлин, Кёлн, Эссен, Фрайбург, Мюнстер, Пассау, Магдебург ва бисёре аз шаҳрҳои дигар низ занон дар калисои католик ба мавқеъиятҳои болое расидаанд ва ин раванд ҳамчунон рӯ ба пешрафт аст.  

Аз сол 2005 то 2012 ҳузури занон дар ҳудуди 13 дарсад аз мақомҳои мудирияти боло ва наздик ба 20 дарсад дар мавқеъияти мудирият миёна афзоиш пайдо кард. Дар конфронси усқуфҳо дар сол 2013 тасмим гирифта шуд, ки занон бештаре дар раҳбарии ин калисо қарор гиранд. Ин раванд дар солҳои 2016 ва 2017 афзоиши қобили тавҷуҷуҳе доштааст.  

 Кординол(“Высший (после папы) сан духовных лиц у католиков,”) Рейнхарду Марксу дар ин бора гуфтааст: «ба унвони калисо ва ҷомеъа мо ба ин андарзи Инҷил ва ба хости Худованд амал накардаем; Ин, ки занон ва мардон бо якдигар ба унвони инсонҳои баробар бархурд кунанд.»  

 Кординол Маркс таъкид кардааст: «калисои мо ба оғозе навин ниёз дорад».

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97