Машваратҳои сиёсии миёни вазоратхонаҳои хориҷаи Тоҷикистон ва АМА дар Абу Забӣ баргузор шуд

Хабари хуб 06.03.2019 13:59

Рӯзи гузашта дар шаҳри Абу Забӣ дуввумин нишасти машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмиллалии Амороти Муттаҳидаи Араб дар сатҳи муъовинони вазоратхонаҳои ин ду кишвар баргузор гардид.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст Низомиддин Зоҳидӣ муъовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва ҳайати ҷониби Аморотро Халифа Шоҳин ал-Марар муъовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалӣ роҳбарӣ намуданд.

Зимни ҷаласаи мазкур маҷмӯъи масъалаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноъатӣ, кишоварзӣ, илму маъориф, фарҳангӣ ва башардӯстона, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилаллӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникии байни ду кишварро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак муҳим арзёбӣ намуда, зарурати вусъат бахшидани дурнамои ҳамкориро дар арсаҳои гуногун таъкид намуданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97