Варзишгарони навраси тоҷик дар Тошканд соҳиби 5 медал шуданд

Хабари хуб 06.03.2019 11:11

Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмиллалии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук сазовори 5 медал – 1 тилло ва 4 биринҷӣ гардиданд.

Мусобиқа аз 2-юм то 3-юми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд миёни наврасони соли таваллудашон 2002-2003 баргузор шуд. Дар он 128 варзишгар дар ҳайати 5 даста (4 кишвар) ширкат намуданд.

Бар асоси иттилоъи Федератсияи варзиши сабуки кишвар, дар ҳайати Тоҷикистон, ки иборат аз 19 нафар буд, медали тиллоро Мирзодавлат Сангинзода дар қувваозмоии дав ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 11.52 сония сазовор гашт. Мирзодавлат, инчунин дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 23.34 сония ҷои сеюмро ишғол намуд.

3 медали дигари биринҷиро миёни духтарон Моҳрухсор Саидқулова дар масофаи 3000 метр (12:37.55 дақиқа), Ҳилола Рустамова дар гурзандозӣ бо натиҷаи 29.15 метр ва миёни писарон Сайфиддин Зулфиқорбеков дар гурзандозӣ бо натиҷаи 43.10 метр ба даст оварданд.

Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон баъд аз дастаҳои Узбекистон-2 ва Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97