Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои анҷоми 32 парвоз дар ҳафта ба тавофуқ расиданд

Хабари хуб 05.03.2019 13:18

Масъулони ширкатҳои миллии ҳавопаймоии Тоҷикистону Қазоқистон дар поёни музокироти дуҷониба дар Душанбе дар заминаи афзоиши парвозҳои ҳафтаии байни ду кишвар аз 18 парвози феълӣ ба 32 маврид ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷикТА”, бар асоси ин тавофуқ, 4 ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки теъдоди парвозҳои дуҷонибаро аз 18 мавриди кунунӣ ба 32 маврид афзоиш диҳанд. Бар асоси ин тавофуқ, теъдоди парвозҳои миёни Душанбе ва Алмаато ба 12 парвоз дар ҳафта ба ҷойи 6 парвози кунунӣ мерасад. Ҳамчунин парвозҳои миёни Душанбе ва Остонаи Қазоқистон аз 3 мавриди феълӣ ба 6 маврид расонда хоҳад шуд.

Аз сӯйи дигар роҳандозии парвозҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоби Тоҷикистон ба самти шаҳрҳои Остона, Алмаато, Шимкент ва Тарози Қазоқистон барномарезӣ шудааст.

Мақомоти ширкатҳои ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон ва Қазоқистон эълом карданд, ки барои истифода аз зарфияти фурудгоҳҳои ин ду кишвар тавонмандиҳои транзитӣ, ворид кардани ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ба манзури интиқоли ҳарчӣ бештари мусофирон иқдом хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон дар мавсими баҳору тобистон барои интиқоли коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо парвозҳои изофӣ анҷом хоҳанд дод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97