Донишгоҳи Кобул дар баробари 20 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон қарор гирифт

Хабари хуб 04.03.2019 10:07

Донишгоҳи Кобул дар даври нахусти рақобатҳои Бунёди “Hult Prize”  дар миёни 1500 донишгоҳи ҷаҳон дар гурӯҳи 20 беҳтарин донишгоҳи ҷаҳон шомил шуд.

Бунёди “Hult Prize” ҳамасола чолишҳои доғи ҷаҳониро дар байни донишҷӯён ба рақобати гузашта бо истифода аз идеяҳо ва мафкураҳои халлоқи донишҷӯён роҳҳои ҳалли муносиб барои он пайдо менамояд.

Чолиши 2019-и “Hult Prize” дар 15 сентябри соли 2018 тавассути Билл Клинтон эълом гардид ва унвони умумии ин чолиш тамаркуз болои иштиғолзойи ва эҷоди заминаи корӣ баро 10 ҳазор ҷавон дар як даҳа мебошад.

Гулобиддин Тотор як тан аз донишҷӯёни донишкадаи инженерии ва масъули “Hult Prize”-и донишгоҳи Кобул ва намояндаи ин донишгоҳ дар чаҳор даври рақобатҳо гуфт: Бунёди “Hult Prize” бо ҳамкории Созмони Миллал ва Бунёди Билл Клинтон ҳама сола бузургтарин барномаи рақобатиро дар байни донишҷӯёни дунё ба хотири ҳалли чолишҳои иҷтимоъӣ роҳандозӣ менамояд, ки барои нахустин бор донишгоҳи Кобул низ шомили ин рақобатҳо гардида ва донишҷӯёни ин донишгоҳ метавонанд тарҳҳо ва идеяҳояшонро бо донишҷӯёни дунё дар рақобат бигузоранд.

Вай гуфт: ба хотир пешбурди ин барнома аз муддати шаш моҳ бадин су донишҷӯёни донишгоҳи Кобулро дар саҳмгирии ин рақобат ташвиқ намуда ва дар 22 факултаи донишгоҳи Кобул ба сурати ҳузурӣ дар синфҳои дарсӣ, аз тариқи сафаҳоти маҷозӣ барои донишҷӯён огоҳидиҳӣ намудааст.

Маврид ба зикр аст, ки рақобатҳои “Hult Prize” шомили чаҳор марҳила аст, ки марҳилаи аввали он дар донишгоҳи марбута, марҳилаи  дуввуми он дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар 25 шаҳри муътабари дунё (Дубай, Шанхай, ЛОндон, Қоҳира...), марҳилаи саввуми он дар моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Лондон ва марҳилаи чаҳорум, ки ҳамоно марҳилаи ниҳойи мебошад дар моҳи сентябр дар мақарри Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Йорки Амрико баргузор мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97