Як коргари чинӣ дар ноҳияи Айнӣ фавтид

Хабари хуб 03.09.2009 15:42

Вазорати корҳои дохила хабар медиҳад, ки як шаҳрванди Чин дар асари як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Айнӣ вафот кардааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат дар шарҳи ин ҳодисаи нохуш мегӯяд, рӯзи ин ҳодиса ҳафтаи гузашта ҳангоми машғул ба кор будани коргарони чинии ширкати ТВЕА дар маҳаллаи Сарводаи ноҳияи Айнӣ ба вуқуъ омадааст. Ба иттилои ин манбаъ, Ван Ти До, корманди барқи ширкати чинии ТВЕА, ки бахши кашондани хутути барқро бар ӯҳда дошт, аз баландии 60 метр ба замин афтода, вақти ба бемористон бурданаш ҷон додааст.

Гуфта мешавад, ки ширкати чинии ТВЕА тарҳи интиқоли хутути баландшиддати 500-киловолтаи барқи "Ҷануб-Шимол"-ро амалӣ мекунад ва як теъдоде аз кормандони чинӣ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба иҷрои ин тарҳ машғул ҳастанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97