"Қатарӣ Диёр" дар "Диёри Душанбе"

Хабари хуб 03.09.2009 15:41

Як ширкати қатарӣ тарҳи муҷтамаъи сохтмонӣ дар назди Кӯли Ҷавононро, ки аз биноҳои бисёртабақа ва замонавӣ иборат хоҳад буд, рӯзи 27 август муаррифӣ кард.

Дар маросими рӯнамоии ин тарҳ, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон низ ширкат дошт, гуфта шуд, ки ин тарҳ "Диёри Душанбе" номгузорӣ шудааст ва то 180 миллион доллар сармоягузорӣ мешавад, ки дар чорчӯби тарҳи тавсеъа ва ободонии пойтахт иҷро мешавад. Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки бо шурӯъи сохтмони ин муҷтамаъ дар моҳи сентябр беш аз 600 бинокори тоҷик дар ин тарҳ кор пайдо хоҳанд кард. Муҷтамаъи "Диёри Душанбе" масоҳати 6, 8 гектар заминро дар бар мегирад.

Қарор аст, ки ширкати "Қатарӣ Диёр" дар ин ҷо панҷ бинои истиқоматии аз 10 то 16-табақа ва як мемонхонаи панҷситорадор бо 128 утоқи зист, марокизи идорию тиҷорӣ, тарабхонаю чойхона, мактабу кӯдакистон бунёд кунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон пешниҳод ба ширкати қатарӣ пешниҳод кардааст, ки дар сохтмони биноҳо аз унсурҳои меъмории миллии тоҷикӣ ва дастовардҳои муосири технологияҳои сохтмонӣ низ истифода кунад. Вай ҳамчунин хостааст, ки дар чорчӯби ин тарҳ сохтмонҳои сафоратхона ва бонки Қатар дар Душанбе низ дар назар гирифта шавад.

Ширкати "Қатарӣ Диёр" як муассисаи давлатӣ буда ва аз ширкатҳои муътабари сармоягузор дар тарҳҳои сохтмонӣ дар Қатар ва берун аз он маҳсуб мешавад. Ғоним ибни Саъд ас-Саъд, раиси ширкат мегӯяд, ки он дар 35 кишвари ҷаҳон тарҳҳои сармоягузорӣ дорад.

Тибқи иттилоъи манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, тавофуқот барои ҷалби ин ширкат ба умури сохтмонӣ дар Тоҷикистон қаблан дар ҷараёни охирин дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ дар Қатар ҳосил шуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97