Марзи одамхори Узбакистон боз як қурбонӣ гирифт

Хабари хуб 27.08.2009 18:53

Марзбонони Узбакистон рӯзи 22 август ҷасади як сокини ноҳияи Панҷакентро, ки аз зарби тир ба қатл расидааст, ба Тоҷикистон интиқол додаанд. Манобеъи марзбонӣ дар шимоли Тоҷикистон гуфтаанд, ки Хайруллоҳ Суюсов, сокини 36 - солаи деҳаи Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент, як моҳ пеш ба ҳангоми убури ғайриқонунӣ аз марз дар минтақаи Ургути вилояти Самарқанд тавассути марзбонони узбак бидуни огаҳӣ мавриди тир қарор гирифта ва сахт ҷароҳат бардоштааст.

Гуфта мешавад, Суюсов дар ин муддат таҳти муроқибати пизишкон дар бемористони ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд қарор гирифта ва дар ниҳоят се рӯз қабл ҷони худро аз даст додааст. Аммо ҷониби Узбакистон танҳо рӯзи 22 август дар ин замина ба ҷониби Тоҷикистон, бахусус пайвандони вай, хабар додааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси тавофуқоти дуҷониба миёни Узбакистон ва Тоҷикистон ҷонибҳо муваззафанд дар сурати вуқӯъи ҳар гуна иттифоқоти марзӣ тарафайнро мутталеъ созанд.

Ҳарчанд мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Узбакистон то кунун дар мавриди ангезаи вуқӯъи ин ҳодиса изҳори назаре накардаанд, аммо ҳамакнун, ба гуфтаи пайвандони Хайруллоҳ Суюсов, ҷасади вай мавриди ташхиси пизишкон қарор дорад, ки натоиҷи он танҳо пас аз даҳ рӯз эълом хоҳад шуд.

Кушта шудани як сокини ноҳияи Панҷакент дар марзи Узбакистон барои бори нахуст нест. Се моҳ қабл як сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд низ бар асари тирпаронии марзбонони узбак ба қатл расида буд.

Зимнан, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳудуди як ҳазору сесаду сивусе километр марзи муштарак доранд. То ҳол 95 дарсади марзи муштарак тасдиқ шуда ва аломатгузорӣ мешавад. Вале панҷ дар сади марзи муштараки миёни ин кишварҳо то ҳол баҳсбарангез аст ва ҷонибҳо муддати чанд соли ахир наметавонанд дар ин замина ба натиҷае даст ёбанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97