Истеъфои Муҳаммад Ҷавод Зариф ва пӯзиши самимонаи ӯ аз мардуми Эрон

Хабари хуб 26.02.2019 08:59

Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умумри хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон бо як паёми инстаграмӣ истеъфои худро эълом кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар як пости инстаграмӣ навишт: “аз бузургвории мардуми азиз ва диловари Эрон ва масъулони муҳтарам дар 67 моҳи гузашта бисёр сипосгузорам. Аз нотавонӣ барои идомаи хидмат ва тамоми костиҳо ва кӯтоҳиҳо дар даврони хидмат самимона пӯзиш мехоҳам”.

Ба гузориши рӯзномаи Эрон, Саид Аббос Мусавӣ муъовини сухангӯй вазорати хориҷа дар гуфтугӯ бо Ирно истеъфои Муҳаммад Ҷавод Зарифро таъйид кард.

Муҳаммадҷавод Зариф моҳи августи соли 2013 ва баъди ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Ҳасани Рӯҳонӣ вазири умури хориҷии Эрон таъйин шуд. Ӯ таҳсилкардаи Иёлоти Муттаҳида ва аз дипломатҳои маъруф аст. Дар гузашта аз Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид намояндагӣ кардааст.

Дар замони фаъолияти тақрибан шашсолаи ӯ ба ҳайси вазири умури хориҷӣ, Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 даст ёфт, ҳарчанд баъди ду соли он Амрико аз он хориҷ шуд. Ин созиш ба Эрон имкон дод, ки дар ивази кӯтоҳӣ дар барномаи ҳастаӣ аз зери бори таҳримҳо раҳо шавад ва то ҷое қомати солҳо аз мушкили иқтисодӣ хамидаи худро рост кунад

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97