Барканории раиси фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт

Хабари хуб 25.02.2019 11:21

Ҳукумати Тоҷикистон бар асоси як фармон Исматулло Абдуллозода раиси фурудгоҳи байналмиллалии Душанберо аз ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти кишвар хориҷ кард.

Қарори ҳукумат дар ин бора аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон 9-уми феврал ба имзо расидааст.

Бар асоси ин қарор, Бобоева Нуринисо Темурована узви нави ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт қабул гардидааст. Бобоева қаблан раёсати иттифоқи касабаи кормандони соҳаи нақлиёт ва роҳбарии  фаъолияти ҳизби ҳокими ҲХДТ-ро дар ин бахш ба уҳда дошт.

Дар қарор, далели хориҷ шудани Абдуллозода аз ҳайати мушовара зикр нашудааст.

Абдуллозода аз моҳи январи соли 2016 роҳбарии фурудгоҳи байналмиллалии Душанберо ба зимма дорад. Ӯ дар ин мақом Рустам Холиқовро иваз намуда буд, ки бо дастури раиси ҷумҳур барканор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ҳукумат соҳаи авиатсияи гражданиро аз сохтори Вазорати нақлиёт ҷудо карда, моҳи декабри соли 2017 агентии алоҳидаи авиатсияи граждании назди ҳукуматро таъсис дода буд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97