Amazon, Yohoo ва Microsoft аллайҳи Google

Хабари хуб 27.08.2009 18:52

Пружаи китобхонаи Гугл (Google) бо монеъе аз сӯйи се ғули нармафзории ҷаҳон мувоҷеҳ шудааст. Ширкатҳои Омозун (Amazon), Мойкрософт(Microsoft) ва Яҳу (Yohoo) қарор аст ба созмонҳои ғайриинтифоъӣ ва Анҷуманҳои китобхонадории байналмилалӣ бипайванданд, то парвандае ҳуқуқӣ алайҳи нависандагон ва ношироне матраҳ кунанд, ки барои табдили миллионҳо ҷилд китоб ба копии диҷитолӣ ва фурӯши он тавассути Гугл, бо ин ширкат ба тавофуқ расидаанд.

Эътилофе, ки алайҳи Гугл ташкил шуда «Эътилофи китоби озод» (Open Book Alliance) ном гирифта ва хабаргузории Фаронса пайвастани Мойкрасофт ва Ню-Йорк таймз, пайвастани Ёҳу ва Омозун ба онро таъйид кардаанд. Ин эътилоф муътақид аст, пружае, ки тавассути Гугл дар дасти иҷрост, боиси эҷоди инҳисори қонунии Гугл дар бозори китобҳои диҷитолӣ хоҳад шуд ва таъйини қимати китобро ба таври комил дар ихтиёри ин ширкат қарор хоҳад дод.

Гугл дар соли 2008 дар мувоҷеҳ бо шикояти ҳуқуқии ноширон ва нависандагон, ки Гуглро ба нақзи ҳаққи моликияти маънавии муаллиф аз тариқи искан кардан бидуни муҷаввизи осорашон мутаҳҳам карда буданд, бо шокиён ба тавофуқ расид, ки бар ивази пардохти 125 миллион доллар аз шикояти худ сарфи назар кунанд. Қарор буд, Гугл ҳамчунин марказе мустақил мавсум ба маркази «Сабти ҳуқуқи китоб» эҷод кунад, ки бахше аз даромади ҳосил аз фурӯш ва ҳамчунин огаҳии кутубро дар ихтиёри ноширон ва нависандагоне қарор медод, ки бо искан кардани осорашон мувофиқат кунанд.

Нависанда ва ношир қимати ниҳоии китобро таъйин хоҳанд кард ва даромади ҳосил аз таблиғот ба нисбати 37-63 миёни соҳиби ҳаққи асар ва Гугл тақсим мешавад.

Бар асоси ин тавофуқ ҳаққи диҷитолӣ кардани китобҳои «ятим»-ро низ ба даст овард, ки ба китобҳое марбут мешавад, ки соҳибҳуқуқи он мушаххас нест. Коршиносон 50 то 70 дарсади китобҳои мунташиршуда пас аз соли 1923-ро «ятим» медонанд. Дар ҳоли ҳозир давлати Омрико дар ҳоли таҳқиқ дар бораи осори эҳтимолии ин тавофуқ ва баррасии иддаъоҳое аст, ки дар бораи табаъоти инҳисоргароёнаи ин тавофуқ матраҳ шудааст.

BBC

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97