Русия дар садади осон кардани дарёфти шаҳрвандӣ барои донишҷӯёни тоҷик аст

Хабар 21.02.2019 12:53

Игор Лякин-Фролов сафири Русия дар Тоҷикистон зимни мулоқот бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷикистонӣ барои идомаи таҳсил дар Русия рӯ ба афзоиш аст.

Дипломати рус бо баён ин ки дар Тоҷикистон филиали бахше аз муассисаҳои олии Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав ва Донишгоҳи славянӣ фаъолият доранд, афзуд: “феълан ҳудуди 8 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ дар ин муассисаҳо таҳсил доранд. Инчунин имконияти таҳсил дар бакалавриат, магистратура, аспирантура ва ординатура барои онҳо фароҳам аст”.

Вай бо таъкид ба ин ки дар қаламрави Русия ҳудуди 20 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ мехонанд, тасреҳ кард: “ҷавонони Тоҷикистон бештар ба интихоби муассисаҳои таълимии тиббӣ ва ҳунармандӣ тамоюл доранд. Ҳамасола ҳудуди 7 ҳазор донишҷӯ барои таҳсил ба Русия меравад”.

Сафир таъкид кард, ки феълан масъалаи осон кардани гирифтани шаҳрвандӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои олии таълимии Русия дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Лякин-Фролов изҳор дошт, ки бисёре аз хатмкунандагони макотиби олӣ дар Русия мемонанд ва ҳангоми бозгашт ба Ватан аллакай аз малакаи хуби корӣ ва таҷрибаю равобити зарурӣ бархӯрдор мебошанд.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97