Ҳушдор аз истифодаи тибби мардумӣ

Хабари хуб 27.08.2009 18:50

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт зимни судури як баёния истифода аз васоили ҳомеопатия ё тибби ғайрирасмӣ ё суннатиро дар табобати мубталоён ба амрози мусрӣ, назири вируси камбуди масуният (ВИЧ ё Эйч-ой-вӣ), сил ва малериё хатарнок хондааст.

Коршиносони ин созмон бахусус муолиҷаи бемории сил тавассути гиёҳҳои шифобахш ва доруҳои табииро, ки аз роҳҳои суннатӣ ё мардумӣ таҳия шудаанд, ғайри қобили қабул арзёбӣ кардаанд.

Ин ҳушдор ба ин хотир муҳим будааст, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мардуми фақиру камбизоат ё камсавод маъмулан барои муолиҷаи бемориҳои мухталиф, аз ҷумла амрози вогир ё мусрӣ, ба намояндагони тибби мардумӣ муроҷиат мекунанд.

Саъдулло Саидалиев, раиси Маркази мубориза бо бемории сили Тоҷикистон, рӯзи 21 август дар иртибот бо ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба ВВС гуфтааст, ки муолиҷаи мубталоён ба сил аз тариқи тибби мардумӣ мумкин аст вазъи беморро вахимтар созад.

Саидалиев ба унвони мисол аз оқибатҳои табобати ду мубтало ба марази сил дар Маркази тибби мардумии "Шарқ"-и шаҳри Душанбе ёдовар шуда ва гуфта, ки ин афрод бо вазъи вахим дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ӯ таъкид кард, ки беморони сил ҳатто дар марҳилаи ибтидоӣ низ танҳо ба василаи доруҳои шимиёӣ мудово мешаванд. Зеро силл вируси барангезанда ва мусрӣ дорад, ки фақат тавассути маводди шимиёӣ нобуд мегардад.

Тибқи иттилои манобеъи Маркази мубориза бо сили Тоҷикистон, дору ва таҷҳизоти зарурии пизишкӣ барои табобати ин мараз аз сӯйи Бунёди Ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ба кишварамон ворид мешавад.

Ҳамчунин, ин созмон барои коҳиши мизони бемории сил дар Тоҷикистон то соли 2015 тарҳеро рӯйи даст гирифтааст, ки дар чаҳорчӯби барномаи Тавсеъаи ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид таҳия шуда ва ҳазинааш 15 миллион долларро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои манобеъи расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон 3242 мавриди ибтило ба бемории сил сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди давраи мушобеҳи соли гузашта 24 маврид камтар будааст.

Теъдоди умумии беморони сил дар Тоҷикистон баробар бар ҳафту ним ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Масъулони Маркази мубориза алайҳи ЭЙДЗ (СПИД)-и Тоҷикистон низ гуфтанд, ки дар табобати афроди гирифтори вируси камбуди масуният (ВИЧ ё Эйч-ой-вӣ) аз маводди кимиёӣ истифода мешавад.

Ҳамзамон, ин масъулон таъкид карданд, ки системи ҳифозатии бадани мубталоён ба вируси камбуди масуният заъиф шуда ва мумкин аст, онҳо ба бемориҳои мухталифи мусрӣ мубтало шаванд.

Аз ин лиҳоз, истифода аз ҳомеопатия ё тибби ғайрирасмӣ дар табобати ин гуна амроз ҳеч фоидае надорад, зеро илм то кунун фоидаи доруҳо ва васоили тибби суннатӣ ё мардумиро барои муолиҷаи ин амроз исбот накардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97